Равзанаи адаб

Дар Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нави Академияи илмҳо модели амалкунандаи “Хонаи офтобӣ” бо системаи офтобии идораи таъмини об ва энергия коркард шуда, сохтмони он бо истифодаи маводҳои ҳозиразамони сохтмонӣ ва технологияҳои инноватсионӣ анҷом дода шуд.
Кормандони Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский бо истифода аз домҳои аксбардорӣ дар ҳудуди Помири Шарқӣ оид ба ҷойҳои нави паҳншавии баъзе намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи ҳайвонот аз қабили бабри барфӣ, гўсфанди Марко Поло, силовсин, мурғи ҳилоли ҳимолоӣ ва тибетӣ маълумотҳои нав ба даст оварданд. Дар қисмати ҷанубии қаторкўҳи Дарвоз мавҷудияти 6 фарди бабри барфӣ ошкор карда шуд. Дар қаторкўҳи Дарвоз тавассути истифодаи домҳои аксбардорӣ нахустин маротиба паҳншавии гурбаи даштӣ ба қайд гирифта шуд.
Таҳқиқоти кормандони Институти биологии Помир ба номи Х.Юсуфбеков нишон дод, ки бо нурҳои кўтоҳмавҷи ултрабунафш пеш аз кишт коркард намудани растаниҳо бо давомнокии ҳархела ба таъғирёбии ҷараёни расиши растаниҳо оварда мерасонад.
Муайян карда шуд, ки дар шароити Боғи наботот дар баландии 2320 м, растаниҳои шифобахш ба монанди чойкаҳак, ҳуҷастаи доругӣ, мармарак қобилияти баланди сабзиши тухмӣ доранд.
Дар муассисаҳои илмии Шўъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии академия низ масъалаҳои муҳими таърих, забон, адабиёт, иқтисод, расму оин, фарҳанг ва амсоли онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Дониш таҳияи харитаҳои бостоншиносии водии Ҳисор: ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳритус ва Турсунзода ва водии Зарафшон: ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Мастчоҳ ба анҷом расонида шуд.
Гурўҳи бостоншиносони институт дар қабристони маркази ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ҳафриёт гузаронид. Дар натиҷаи ҳафриёт асбобу анҷоми фаровон, ки ба давраи биринҷии миёна тааллуқ дорад, пайдо шуданд, аз он ҷумла, кўзаву гулдонҳо, оинаи биринҷӣ, ҳалқаи тиллоии шакли доирадошта, мўҳраҳои резаи сангин ва ғайра. Дар натиҷаи омўзиши бозёфтҳои экспедитсияи бостоншиносӣ дар ноҳияи Фархор аз тарафи олимон (аз ҷумла, донишмандони Россия, Олмон, Италия) исбот карда шуд, ки ноҳияи Фархор таърихи зиёда аз 4000-сола дорад. Он ёдгориҳои нодире, ки дар Фархор бозёфт шуданд, бо ёдгориҳои таърихии Саразм шабоҳат доранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми Фархор дар гузашта бо аҳли Саразм робитаҳои хуби фарҳангӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва ғ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор