Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қобили тазаккур аст, ки робитаҳои фарҳангии мардумони мо аз замонҳои қадим то имрўз қабл аз ҳама бар китоб асос ёфтааст. Аз ин ҷост, ки нашри китоб ва ташкили намоишгоҳҳои китоб дар равобити фарҳангии ду кишвар мақоми асосӣ дорад.
Ҳанўз соли 1989 дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байналмилалии «Китоб ва мавқеи он…» баргузор гардид, ки дар он як гурўҳ донишмандони эронӣ бо сарварии раиси Китобхонаи миллии Эрон доктор Муҳаммад Раҷабӣ ширкат варзида, дар радифи олимони тоҷик ва кишварҳои дигар роҷеъ ба масоили мубрами марбут ба китоб ва нақши он дар фарҳанги мардумони форсизабон суханронӣ намуданд. Ҳамоиши мазкур оғози марҳилаи нав дар робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон гардид.
Зеро дар ин ҳамоиш масъалаҳои таҳкими равобити фарҳангии ду кишвари ҳамзабон, роҳҳои рушду тавсиаи ҳамкориҳои илмиву ҳунарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҳошияи ҳамоиши мазкур бай ни муассисаҳои илмиву фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла Институти шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳи Тоҷикистон,Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, Институти санъати ба номи Мирзо Турсунзода ва Китобхонаи миллии Эрон қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дере нагузашта тибқи он қарордод як гурўҳ адибону донишмандон ва фарҳангиёни Тоҷикистон, ки дар ҳайати он устод Лоиқ Шералӣ, А. Раҳимов, Ҷ. Назриев, Муҳиддин Олимпур, С.
Сулаймонӣ, А.Юнусов ва дигарон буданд, бо даъвати раёсати Китобхонаи миллии Эрон ба он ҷо сафар намуда, бо ёдгориҳои фарҳангӣ ошно шуданд, дар муассисаҳои гуногуни илмиву фарҳангӣ мулоқотҳо оростанд ва барои рушди минбаълаи равобити фарҳангиии ду кишвар замина гузоштанд. Онҳо ҳамчунин дар Кунгураи байналмилалии «Ҳазораи Шоҳномаи Фирдавсӣ ширкат намуданд. Аз ҷумла муаллифи ин сатрҳо дар ин ҳамоиши бузургти илмӣ дар мавзўи «Некӣ дар Шоҳнома»-и Фирдавсӣ суханронӣ намуд.
Пас аз пирўзии Инқилоби исломии Эрон ва ба хусус дар даврони Истиқлоли Тоҷикистон нашри осори адабиву илмии адибону донишмандони тоҷик дар Эрон ва офаридаҳои фарҳехтагони эронӣ дар Тоҷикистон хеле рушд пайдо кард. Бо ибтикору кўшишҳои Алиасғари Шеърдўст, Акбари Эронӣ, Меҳроби Акбариён, Мўҳсини Боқирзода, Қаҳрамони Сулаймонӣ, Сорухонӣ, Фарҳодӣ, Муҳаммад Азизӣ, Муҳаммад Борӣ ва амсоли онҳо осори зиёди адибону донишмандони тоҷик дар нашриётҳои маъруфи Эрон чун Амири Кабир, Алҳудо, Сурўш, Тўс, Мероси мактуб, Нашри Рўзгор, Гулбарг ба табъ расиданд. Бад-ин васила хонандагони эронӣ бо осори устод Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Лоиқ Шералӣ, Мўъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулрухсор, Абдулҳамид Самадов, Гулназар, Меҳмон Бахӣ, Фарзона, Раҳмат Назрӣ,Муҳаммадзамон Солеҳ, Камол Насрулло,М.

пешина
аз 625
навбатӣ