Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар забони тоҷикӣ истилоҳи «лампа»-ро ба «фурўзонак» иваз намуданд, ки ин ҳам хеле зебост ва бояд дар Эрону Афғонистон ҳам пазируфта шавад, Вақтҳои охир лар масъалаи истилоҳсозӣ ва истилоҳгузинӣ Фарҳангистни забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон хеле фаъол буда, корҳои шоиста анҷом медиҳад. Гурўҳи истилоҳсозии Фарҳангистон, ки ба он забоншиноси маъруф Алӣ Ашрафи Содиқӣ сарварӣ мекунад, ҳар замон истилоҳоти навини сохтаи гурўҳро ба баррасии мутахассисон пешниҳод менамояд, ки пас аз баррасии васеъ ба тасвиб мерасад ва манзури ҳамагон карда мешавад. Дўстони эронӣ дар мавриди интихоби истилоҳ низ ба шитобкорӣ роҳ намедиҳанд. Масалан, вақте ки дар Тоҷикистон «вертолет»-ро ба «чархбол» иваз намуданд, забоншиносони эронӣ онро ба «болгард» табдил доданд, то ки хушоҳангтар ва дар талаффуз муносиб бошад. Ин тарзи муносибат ба истилоҳгузинӣ воқеан шоистаи ибрат аст.
Пешниҳод мешавад, ки барои созмон бахшидан ба истилоҳсозиву истилоҳгузинӣ як гурўҳи муштарак аз забондонону забоншиносони се кишвари форсизабон ташкил гардад, ки ба таври ҷиддӣ бо барномаи муйян амал намояд. Ин на танҳо ба ҳамгунсозии истилоҳот мусоидат мекунад, балки боиси покизагии забонҳо ва рушди онҳо хоҳад шуд.

Пайнавиштҳо

1 Дар бораи зарурати ҳамгунсозии истилоҳот руҷуъ шавад:
Абдунабӣ Сатторзода. Лузуми ҳамгун сохтани истилоҳот дар забони форсӣ(дарӣ ва тоҷикӣ).Маҷмўаи мақолоти семинарии «Забони форсӣ ва забони илм», Теҳрон,1372; Мирзо Муллоаҳмад.
Ҳамгунсозии мстидоҳоти адабиётшиносӣ. Дар олами эроншиносӣ, Душанбе, 1905.

пешина
аз 625
навбатӣ