Равзанаи адаб

Донишмандони маъруфи рус ба арзишҳои баланди назариявию амалии таҳқиқоти олими тоҷик ишора намуда, аҳамияти онро дар китобшиносии Шарқ, бахусус Эрон таъкид карданд.
Дар чашмандози илмии Сафар Сулаймонӣ дар солҳои 90 масъалаи китобдории Эрон ва умуман фарҳанги ин кишвар ҷои асосиро мегирад.
Дар як зумра рисолаҳои ҷудогона ва мақолаҳои илмии ў, ки дар маҷмўаҳову маҷаллаҳо ба табъ расиданд, муҳимтарин масъалаҳои таърих ва вазъи кунунии китобдорӣ ва фарҳанги Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Дар ин давра Сафар Сулаймонӣ дар ҳаёти илмиву фарҳангии Эрон низ ширкат намуда, дар он ҷо чандин рисолаву мақолаҳоро интишор дод, ки барои таҳқиқи амиқи масоили китобдорӣ ва таҳкими равобити фарҳангии Тоҷикистону Эрон хидмати босазо кардаанд.
Аз ҷумла, дар Донишгоҳи Исфаҳон ҷузваҳои ў «Китобхона ва китобдорӣ», «Муқаддимаи китобдорӣ» нашр гардидаанд, ки ба сифати дастури таълимӣ барои донишҷўён пешиҳод шудаанд. Ҳамчунин мақолаҳои ў «Фаъолияти илмӣ ва пажўҳишҳои китобдорон дар Тоҷикистон», ки дар маҷаллаи «Фаслномаи китоб» ба табъ расидааст, «Китобхона дар низоми сохторгироӣ», ки дар маҷаллаи «Карона»
интишор ёфтааст, хонандагони эрониро бо дастовардҳои китобдорони тоҷик ошно намудаанд.
Аксари суханрониҳои илмие, ки Сафар Сулаймонӣ солҳои охир дар конфронсу ҳамоишҳои илмии байналмилаливу минтақавӣ эрод намудааст, ба масоили гуногуни фарҳанги Эрон бахшида шудаанд.
«Мушкилот ва тазодҳо дар китобхонашиносии муосири Эрон», «Китобхона дар рушди фарҳангии мардуми Шарқ», «Нақши китоб дар инкишофи фарҳангии мардуми Шарқ дар асрҳои IV-VI», «Созмондиҳии низоми иттилоърасонии минтақаӣ дар кишварҳои форсизабон», «Эрониёни муҳоҷир дар Осиёи Марказӣ ва нуфузи фарҳанги ошуро дар нимаи қарни нуздаҳум ва авоили асри ХХ» аз ҷумлаи суханрониҳои илмии ў буда, ҳар кадом маводу далели тоза ва андешаву мулоҳизаҳои наверо роҷеъ ба фарҳанги Эрон дарбар мегиранд.
Бо ташаббуси Сафар Сулаймонӣ аввалин маҷаллаи илмиву фарҳангии китобшиносӣ ва нақди китоб дар ҷумҳурӣ бо номи «Анис»
таъсис гардид, ки дар мақолаву тақризҳои он низ масъалаҳои эроншиносӣ матраҳ гардида, роҷеъ ба китобҳои чопи Эрон баҳс мешавад. Дар маҷаллаи «Паёмномаи фарҳанг», ки сардабирии онро низ ба ўҳда дорад, дар хусуси фарҳанги гузаштаву кунунии Эрон мақолаву матлабҳои илмӣ ба табъ мерасанд.
Сафар Сулаймонӣ чун устоди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва мудири кафедраи китобхонашиносӣ саъй мекунад, ки дар тадрису таълим беҳтарин суннатҳои китобдорӣ ва таҷрибаи устодони эрониро истифода намояд.
Дар Пажўҳишгоҳи фарҳанг, ки ў сарварии онро ба ўҳда дорад, ҳоло ба масъалаҳои таҳқиқи равобити фарҳангии Тоҷикистону Эрон таваҷҷўҳи зиёд дода мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор