Равзанаи адаб

Устод Рўдакӣ баробари шоиру ҳунарманди бузург будан донишманду ҳаким низ ба шумор мерафт. Далели равшани ин истифодаи бамавқеъ ва мантиқии истилоҳоти соҳаи нуҷум метавонад бошад. Мақолаи Абдулманнони Насриддин «Маънигузорӣ дар назми Рўдакӣ ва муосирони ў» ин матлабро ба субут мерасонад. Муаллифи мақола бо далелҳои фаровон аз осори бозмондаи Рўдакӣ ва муосиронаш, ки ишора ба ситораву сайёра ва ҷирмҳои осмонӣ кардаанд, таъйид менамояд,ки «маънигустарӣ ба тавассути мусталеҳоти нуҷум дар назми Рўдакӣ ва муосирони ў мавқеи хосса пайдо мекунад». Масалан, танҳо дар қасидаи «Модари май» Рўдакӣ 14 маротиба ба ҷирмҳову рўйдодҳои кайҳонӣ ишора карда, бо истифода аз онҳо тасвирҳои ҷолиби бадеӣ офаридааст.Дар мақола ҳамчунин истифодаи моҳиронаи истилоҳоти нуҷумӣ дар осори муосирони Рўдакӣ, ба ҳусус Фирдавсӣ нишон дода шудааст. Муаллиф таъкид мекунад, ки дар «Шоҳнома» асосан номҳои тоҷикии ситораву сайёраҳо зикр гардидааст. Аз ҷумла «калимаи Хуршед… 536 маротиба, Офтоб 145 маротиба. Хур 36 маротиба, Ҳур 84 маротиба, Меҳр 30 маротиба, Шед 32 маротиба, Гетифурўз 41 маротиба дар маънигузорӣ корбаст шудаанд, ки ҳамагон дарии тоҷикианд».
Ин ҳама хулосаи дурусти Абдулманнони Насриддинро таъйид менамояд, ки «шеъри тоҷикӣ дар асри Х… дар ҳамбастагӣ бо илмҳои табиӣ тараққӣ мекард».
Тавре ки қаблан зикр шуд, барои муайян кардани усулҳои матншиносӣ ва ҳалли масъалаҳои назариву амалии он шарҳҳои осори адибон, ки дар асрҳои миёна хеле фаровон буданд, мадади зиёд мерасонанд. Дар мақолаи «Асолати сухан ва сиҳҳати матн»
Абдулманнони Насриддин ин мавзўъро мавриди баҳс қарор дода, дар мисоли шарҳҳои «Гулистон»-и Саъдӣ то чӣ андоза барои тасҳеҳи матн судманд будани онҳоро нишон додааст. Ў дуруст дарёфтааст, ки шореҳон дар интихоби матн пеш аз ҳама ба қадимӣ будани нусха, қазовати мантиқӣ ва дигар ҷанбаҳои матн таваҷҷўҳ зоҳир менамуданд. Ҳарчанд мақолаи мазкур ва мақолаҳои «Балхи Бомӣ Ё Балхи Номӣ». «Байти тозаи Фароловӣ» мустақиман ба матни осори Р ўдакӣ марбут нестанд, вале дар онҳо нуктаҳои муҳиме роҷеъ ба масъалаҳои назариву амалиии матншиносӣ баён шудаанд, ки метавонанд дар ҳалли масъалаҳои матни осори Рўдакӣ ва муосиронаш мадад расонаанд.
Бахши дуюми китоби «Рўдакӣ»-и Абдулманнони Насриддин аз «Девони устод Рўдакӣ» иборат буда, бо тавзеҳоти мухтасар ва феҳристи сарчашмаҳои осори шоир шурўъ мешавад. Сипас ашъори бозмондаи шоир аз рўи тартибе, ки дар нашри Маскав бар асоси нусхаи Саид Нафисӣ сурат гирифтааст, ҷой дода шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор