Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар пешгуфтор ҳамчунин масъалаҳои умдаи матншиносии тоҷик, амсоли нусхашиносӣ, тасҳеҳи матни осори адибон, меъёрҳои шинохти муаллифи ҳақиқии осори илмиву адабӣ(атрибутсия), мансубияти асари адабӣ, омехташавии ашъори шоирони ҳамному ҳамтахаллус, шинохти рўзгори адибон барои дарёфти асолати матни осори онҳо, омўзиши таъриху анвоъ ва сабкҳои хат, имло, навъҳои коғаз, саҳҳофӣ, ба эътибор гирифтани котибон ва амсоли инҳо матраҳ шудаанд, ки арзиши баланди маърифативу амалӣ ва роҳнамоӣ доранд. Аз ҷумла ў дуруст таъкид мекунад, ки «соҳибони адабиёти оламшумул худ меъёрҳои шинохти асолати матнро низ кайҳо кашф кардаву дар таълифоташон татбиқ намудаанд. Фақат ҷои он мондааст, ки мо он меъёру усулҳои суннатиро омўхта, санҷида, танзим намуда, бо назардошти усулиёти матншиносии ҷадиди урупоӣ асосҳои назарии матншиносии муосири форсиро фароҳам орем».
Дарвоеъ худи Абдулманнон Насриддин пас аз андўхтани таҷрибаи ғании шореҳону фарҳангнависони гузашта ва бо истифода аз равишҳои нави матншиносӣ ба таҳқиқи матни осори бозмондаи Рўдакӣ пардохта, комёбии назаррас ба даст овардааст.
Яке аз вазифаҳои муҳимми рўдакишиносон бешубҳа гирдоварии осори шоир мебошад. Ҳарчанд беш аз дусад сол аст, ки муҳаққиқон ба ин кор машғуланд ва аз сарчашмаҳои гуногуни адабиву таърихӣ ашъору абёти парешони шоирро зарра-зарра ҷамъ меоваранд, вале ҳанўз аксари осори шоир ба даст наомадааст. Ҳамчунин он теъдоди каме ҳам, ки аз осори ғании шоир бозмондааст, бо мурури замон дучори таҳрифоту олоиш гардида, ниёз ба тасҳеҳу танқеҳ ва поксозӣ доранд. Дар мақолаи «Нусхашиносӣ ва нашри ашъори Рўдакӣ» 15 маҷмўаи осори боқимондаи шоир, ки бо истифода аз манбаъҳои дастраси адабӣ, таърихӣ, илмӣ, ба хусус фарҳангҳо дар Теҳрон, Душанбе, Маскав ва шаҳрҳои дигар ба забони асл чоп шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Муаллиф баробари нишон додани арзишҳои ҳар нашр ба норасоиву нуқсонҳои онҳо низ ишора менамояд ва барои ислоҳи онҳо пешниҳодҳои судманд ироа мекунад. Аз ҷумла ў хидматҳои устод С. Айнӣ ва А. Деҳотиро дар ҷамъовариву таҳияи осори Рўдакӣ чунин арзёбӣ менамояд: «Хидмати шоистаи тақдири мураттибони ин нусха боз дар он зоҳир гардидааст, ки онҳо аввалин шуда асноди шеърии «Тўҳфатулаҳбоб»-и Ҳофизи Ўбаҳиро, ки аз осори Рўдакӣ мстифода кардааст, ба нусхаи хеш ҳамроҳ кардаанд. Муаллифи ин фарҳангнома дар 30 маврид аз ашъори Рўдакӣ иқтибос кардааст ва мураттибони ин нусха бо истифода аз он бар феҳристи манобеи ашъори Рўдакӣ ҳамин як фарҳангномаи нодирро илова карданд».

пешина
аз 625
навбатӣ