Равзанаи адаб

Дар асарҳои мазкур симои Абдураҳмони Ҷомӣ пеш аз ҳама ҳамчун шоир ва мутафаккири барҷастаи инсондўст ҷилвагар мешавад.
Дастовардҳои илмии А. Афсаҳзод дар соҳаи ҷомишиносӣ дар рисолаи доктори ў, ки дар мавзўи "Проблемаҳои матн ва поэтикаи лирикаи Абдураҳмони Ҷомӣ" соли 1980 дар Шўрои илмии Институти шарқшиносии Академияи фанҳои Иттиҳоди Шўравӣ бомуваффақият ҳимоя намуд, ҷамъбаст ёфтаанд. Шарқшиноси маъруфи шўравӣ ба ин тадқиқоти пурарзиши донишманди тоҷик баҳои баланд дода, онро саҳми бузурге дар ҷомишиносӣ донистанд. Соли 1988 дар Москва монографияи А. Афсаҳзод "Лирикаи Абдураҳмони Ҷомӣ" ба забони русӣ ба табъ расид, ки он на танҳо самараи ҷустуҷўйҳои тўлонии илмии муаллиф аст, балки барҳақ ҷамъбасти як давраи калони ҷомишиносӣ ба шумор меравад.
Фаъолияти адабиётшиносии Аълохон Афсаҳзод танҳо бо тадқиқи ҳаёту осори Ҷомӣ маҳдуд намегардад. Ў аз ҷумлаи пуркортарин адабиётшиносонест, ки ба таҳқиқи адабиёти классикии тоҷику форс машғуланд. Рисолаҳои ў "Ҳофизи Шерозӣ" (1971), "Ҳофизнома" (1971), "Камоли Хуҷандӣ" (1976), мақолаҳои зиёдаш, ки дар маҷмўаҳои илмӣ, маҷаллаву рўзномаҳо нашр шудаанд, ба тадқиқи масъалаҳои гуногуни таърихи адабиёт ва шиносонидани хонандагони тоҷик бо суханвари маъруфи гузашта бахшида шудаанд.
Аълохон Афсаҳзод ба ҷараёни инкишофи адабиёти муосир низ пайваста таваҷҷўҳ зоҳир намуда, дар як қатор рисолаву мақолаҳои худ масъалаҳои гуногуни адабиёти шўравии тоҷикро ба доираи таҳқиқ кашидааст. Дар мақолаву тақризҳои зиёде, ки ба масъалаҳои мазкур бахшида шудаанд, ў чун мунаққиди нозукбин баромад мекунад.
Хидмати Аълохон Афсаҳзод дар омўзиши масъалаҳои гуногуни адабиёти халқҳои Шарқ, махсусан, мардуми форсизабон ва ба хонандагон пешкаш намудани намунаи осори адибони маъруфи Эрону Афғонистон низ хеле калон аст. Мақолаҳои "Октябр ва адабиёти Шарқ", "Назаре ба шеъри форсизабонон", "Он ҷо, ки Ленинро нашиносанд, куҷост?" ва маҷмўаи "Амвоҷи Корун" аз ҷумлаи ҳамин қабил корҳои ў мебошанд.
Чунон ки маълум аст, аз сабаби кам будани миқдори санъатшиносони касбӣ бисёр мақолаҳои санъати театрӣ (ба истиснои асарҳои Н. Нурҷонов), хаттотӣ, мусиқӣ хеле кам мавриди тадқиқ қарор мегиранд. А. Афсаҳзод бо мақсади мададрасонӣ барои пешрафти театр, драматургия ва санъати мусиқии тоҷик дар ин бобат низ корҳои шоёне анҷом медиҳад. Мақолаҳои "Песаҳои соли 1967", "Мазҳакаи шавқангез", "Дар фироқи муосирон", "Фоҷаҳои хурд", "Достонҳои куҳан", "Театр бояд мувофиқи талаби тамошобинон кор кунад", "Фоҷиаи қаҳрамонӣ" ва як қатор мақолаву тақризҳои дигари ў, ки дар маҷмўаи "Зиндагӣ дар саҳна" (1984) гирд оварда шудаанд, масъалаҳои муҳимми драматургияву театр, таҳлилу танқиди намоишҳои нави театрҳои тоҷик, роҳҳои пешрафти камолоти санъаткорони моҳир, робитаи театр бо адабиёти бадеӣ ва амсоли инҳоро фаро мегиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор