Равзанаи адаб

Дар давраи истилои Искандари Мақдунӣ, ба хусус пас аз даргузашти ў ва ташкили давлати Юнону Бохтар таъсири мутақобилаи тамаддунҳои Шарқу Ғарб бештар гардида, барои гуфтугўи тамаддунҳо заминаи мусоид ба вуҷуд омад. Дар натиҷаи омезиши фарҳангҳои гуногуни Шарқу Ғарб фарҳанги тозаи эллинистӣ падид омад.
Чунонки Конрад Н.И. таъкид менамояд, дар замони истилои Искандари Мақдунӣ ва ҳукмронии Куруши Кабир Осиёи Миёна, Афғонистон, шимоли Ҳиндустон, Эрон, Кавказ ва кишварҳои ҳамҷавор аз лиҳози илмиву фарҳангӣ минтақаи марказии олам маҳсуб мешуданд. Мардумони эронӣ барои ривоҷу густариши ислом хидмати бузурге анҷом додаанд. Саҳми Салмони Форсӣ, ки аз аввалин мусалмонони эронӣ буд ва аз наздикони пайғамбари ислом маҳсуб мешуд, дар таърих маълум аст.
Гироиши хеле зиёди эрониён ба ислом ва саҳми бузурге, ки мардумони эронитабор дар ривоҷу густариши ислом гузоштаанд, бисёр донишмандони гузаштаву муҳаққиқони муосирро ба ҳайрат овардааст. Аз ҷумла файласуф ва муаррихи асри 14-и араб Ибни Халдун ин ҳодисаро аҷиб донистааст. Дар ин бобат муҳаққиқи эронӣ Муҳаммад Малоирӣ навиштааст: «Ибни Халдун аз муҳаққиқони қадим инро аз шигифтиҳои таърих навишта, ки дар ҷаҳони ислом, бо он ки ислом дине будааст, ки аз миёни аъроб бархоста, пайғамбари ислом араб буда ва забони Қуръон ҳам арабист, бо ин ҳол парчамдорони илм дар он бештар эрониёнанд, на аъроб. Вале бо ин ки иллатҳои табииву имронӣ ва иҷтимоиву ҳуззории ин амрро ҳам шарҳ дода, боз онро ба иборати «миналғароибилвақоеъ», яъне аз рўйдодҳои шигифт ёд карда». Асрҳои 9-10, яъне аҳди Сомониён замони пешрафтҳои куллии соҳаҳои гуногуни илму фан, тиҷорату кишоварзӣ, иқтисоду фарҳанги Хуросону Мовароуннаҳр буд. Донишмандони форсу тоҷик дар муҳити созгоре, ки муҳайё шуда буд, ба омўзиши амиқи илму дониши халқҳои гуногуни олам, ба хусус Юнону Рими Бостон, Ҳинду Чини Қадим пардохта, муҳимтарин осори онҳоро ба забонҳои арабиву форсӣ тарҷума карданд, ки ин боиси боқӣ мондани онҳо гаштааст. Онҳо бо нерўи хираду заковати худ ганҷинаи илму дониши то он замон гирдомадаи башарро ғанӣ гардонда, дар ҳар соҳаи илм кашфиёту ихтирооти зиёде кардаанд.
Кашфиёту дастовардҳои илмии онҳо дар асрҳои минбаъда мавриди омўзиши донишмандони халқҳои дигари олам, ба хусус Аврупо қарор гирифта, яке аз омилҳои асосии пешрафти илму фарҳанг дар асрҳои охир гаштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор