Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷои дигар Рўдакӣ мамдўҳро бо ду ид, ки бо ҳам мусодиф омадаанд, табрик менамояд :
Бод бар ту мубраку хуншон
Ҷашни Наврўзу Гўспандкушон.

Қобили зикр аст, ки шоир номи форсии иди Қурбонро меорад, ки имрўз фаромўш шудааст.
Дар шеъри Рўдакӣ робитаи инсон бо табиат дар фасли баҳор чунон барҷаставу шево таҷассум ёфтааст, ки назирашро на танҳо дар шеъри форсӣ, балки дар адабиёти ҷаҳон наметавон пайдо кард.
Шоир аз ҳар узву андоми маъшуқ зебоиву таровати баҳорро мебинад ва дар ин таносуб бартарии инсонро бар табиат таъкид менамояд. Барои ў ид бе инсон маънӣ надорад:

Як бор бувад ид ба ҳар сол, ба як бор,
Рўи ту маро ҳаст ҳамеша гули пурбор …
Як ҳафта падидор бувад наргиси даштӣ
В-он наргиси чашми ту ҳамасола падидор.

Тавре ки аён аст, дар тасвири табиат низ Рўдакӣ чун инсондўсти бузург аз дидгоҳи башардўстӣ назар кардааст.
Шоирони асрҳои баъдина суннатҳои устод Рўдакиро идома дода, ашъори зиёде дар ситоиши Наврўзу баҳор суруданд..
Ситоиши Наврўзу баҳор ва тасвири табиат дар он овон дар осори шоирони тоҷику форс то имрўз идома дорад. Дарвоқеъ имрўз ба файзу баракати Истиқлол Тоҷикистон аз нав ватани Наврўз гаштаст ва бо шукўҳу таровати тоза ҷашн гирифта мешавад.

Даврони пурбори гуфтугўи тамаддунҳо

Пойдориву истиқрори сулҳ дар ҷомеаи башарӣ ба омилҳои зиёде бастагӣ дорад. Яке аз муҳимтарин омилҳои он ҳамзистии осоишта ва ҳусни тафоҳуми мутақобилаи мардумони дорои қавму нажод, расму оин, дину мазҳабҳои гуногун мебошад. Бахусус имрўз, ки иртиботу ихтилоти халқу миллатҳои гуногун дар ҳамаи кишварҳои олам рўз ба рўз меафзояд ва кишвареро ё ҳатто шаҳракеро дар гўшаи дунё пайдо кардан душвор аст, ки танҳо аз як қавму халқ таркиб ёфта бошад, ин масъала аҳамияти бештар касб менамояд.
Аз ин ҷост, ки солҳои охир ба масъалаи робитаи халқҳову оинҳо ва фарҳангу тамаддунҳо таваҷҷўҳи зиёд дода мешавад. Аз ҷумла соли 1993 донишманди амрикоӣ мудири Маркази мутолиоти стратегии Донишгоҳи Ҳарвард Самуил Ҳантингтон дар ин замина назарияи «бархўрди тамаддунҳо»-ро пешниҳод намуд.

пешина
аз 625
навбатӣ