Равзанаи адаб

Ин ду падидаи зебои табииву иҷтимоӣ бо ислом низ созгорӣ пайдо карда, барои ғановати тамаддуни исломӣ, густариши он миёни қавмҳои гуногун амсоли туркону ҳиндувон,чиниҳову балкониҳо мусоидат намуданд.
Пайванди Наврўз ва забони форсиро метавон як падидаи муҳими фарҳангие донист, ки дар ниҳояти созгориву зебоӣ сурат гирифтааст. Аз ин ҷост, ки дар васфу ситоиши Наврўзу баҳор ба забони форсӣ чандон осори фаровоне офарида шудааст, ки дар ҳеч адабиёти дигари олам ба назар намерасад.
Фарҳанги ғаниву волои Наврўз саросар аз рамзҳо иборат аст. Ҳар унсуру падидаи он ишорае ба як ҷанбаи ҳаёти инсон буда, ўро ба табиат наздиктар ва дилбастагиашро ба зиндагӣ бештар месозад. Аз ҷумла сафедӣ дар фарҳанги Наврўз рамзи покиву озодагӣ ва сафову осудагист. Аз ин ҷост, ки духтарон либоси сафед ба бар мекунанд, кадбонуҳо хонаҳоро сафед менамоянд, мардон ба сафед кардани зарфҳои мисин мепардозанд, ҳар кас саъй менамояд, ки ҳангоми таҳвили сол ва фаро расидани Наврўз шири сафед нўшад, то ки дар соли нав солиму бардам ва роҳи зиндагиаш сафед бошад.
Ҳар унсури ҳафтсину ҳафтшини дастархони наврўзӣ дорои рамзҳоест, ки дар шарҳашон метавон китобҳо таълиф кард. Худи рақами ҳафт дар фарҳанги ориёӣ як ҷаҳон маънӣ дорад, ки Ҳафт додарон, Ҳафт авранг, ҳафт айвон, ҳафт аъзо, ҳафт гунбад, ҳафт иқлим, ҳафт кишвар, ҳафт фалак, ҳафт ранги камони Рустам, ҳафт хони Рустам ва ғайра далели онанд.
Рамзу розҳои наврўзӣ ба хусус дар осори шифоҳии мардум ба таври соддаву фасеҳ баён шудаанд. Мардум дар остонаи Наврўз ба умеди фаровонии ҳосилу сарсабзии рўзгор гандумро сабз намуда, аз афшураи он суманак (саману) мепазанд. Худи маросими пухтани суманак, ки бо суруду тарона сурурбахшу хотирмон сурат мегирад, рамзист. Суманакро, ки аз таомҳои хоси айёми наврўзӣ аст, мардум рамзи эҳёи табиату нишоти зиндагӣ, меҳнату роҳат, фаровониву пурӣ, шодиву тараб, болидагии инсон ва таҷассумгари покиву некӣ медонанд .

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор