Равзанаи адаб

ФАРҲАНГИ ХУҶАСТАИ НАВРЎЗ
Наврўз аз зеботарину шевотарин ва деринатарину бостонитарин ҷашнҳоест,ки табиат ба инсон ато кардааст. Ҷойи басо хушҳоливу хушбахтии мо точикону эрониён аст, ки аҷдодони шарафмандамон бори аввал дар таърих арзиши ин падидаи табиату ҳастиро дарк намуда, пазируфтаанд ва дар тўли ҳазорсолаҳо пайваста онро алорағми ҳама душвориҳо азизу гиромӣ доштаанд.
Онҳо бо хираду заковат ва ҳушу фаросати азалии худ ин падидаи зебои табиатро бо беҳтарин расму оин, одоту маросим, бовару суннатҳои наҷиб ороста, онро ба як фарҳанги умумибашарӣ табдил додаанд. Аз ин ҷост, ки фарҳанги Наврўз аз ҳуҷуму тохтутозҳои бешумори аҷнабиён, харобкориву яғмогариҳо, истилову салтанати тўлонии онҳо, ки боиси аз байн рафтани ёдгориҳои зиёди илмиву адабӣ, ҳунариву фарҳангӣ, хатту забонҳо гардиданд, на танҳо осеб надид, балки истилогаронро ҳам тасхир намуда, мавриди қабули онҳо қарор гирифт.
Ба василаи Наврўз мардумони эронӣ суннатҳову унсурҳои фарҳанги бостонии худро идома доданд. Аз ин рў Наврўзро метавон эҳёгару фарогири фарҳанги бостон дар ҳар давру замон донист, ки волотарин унсурҳои фарҳангии мардумони эронитаборро ҷамъ овардааст.
Наврўз ҳамеша баёнгари наҷибтарин орзўву омол, ормону умедҳои башар буда, некиву накўкорӣ, покиву озодагӣ, тарабу шодӣ, осудагиву ободиро талқин менамояд, мардумро ба созандагиву бунёдкорӣ даъват мекунад, дили онҳоро ба хушиҳои табиату зиндагӣ гарм месозад. Дар ин ҷашн таҷаллии пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек, ки мароми ахлоқии мардумони эронӣ аст, ҳувайдост. Наврўз ҳамчунин пайвандгари дўстиву бародарӣ, нерўбахши сулҳу оштист, зудояндаи занги кинаҳову озурдагиҳост.
Ин ҷашни фархунда аз ибтидо ҷанбаи умумибашарӣ дошта, орзуву мароми инсон ва робитаи ўро бо табиат бозтоб менамояд. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, «Наврўз падидаест, ки аз ҷониби худи табиат барои аҳли сайёраи Замин тақдим шудааст» Аз ин ҷост, ки Ҳукумти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони кишварҳои форсизабон ва сойири кишварҳои Шарқ барои ҷаҳонӣ шудани Наврўз саъю кўшиши зиёд ба харҷ доданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор