Равзанаи адаб

Мароми Имоми Аъзам
Ниёгони шарафманди мо дар тўли таърих дар бунёду ривоҷи тамаддуни исломиву ҷаҳонӣ саҳми бузург гузошта, ганҷинаи илму адаб ва фарҳангро бо осори рангину пурмўҳтаво ғанӣ кардаанд. Яке аз чунин абармардони майдони илму маърифат Абўҳанифа Имоми Аъзам аст, ки на танҳо яке аз бунёдгузорони фиқҳи исломиву мазҳаби ҳанафия маҳсуб мешавад, балки дар пешрафти фалсафаву ҳикмати исломӣ низ саҳми бузург гузоштааст. Андешаҳои баланди башардўстони ў, ки дар муҳимтарин асарҳояш аз қабили «Фиқҳи акбар», «Китобалолим вал мутааллим», «Китоб Алфиқҳалавсат», номаҳо ва ба хусус насиҳатномаҳо ба писараш Ҳаммод ва шогирдонаш Абўюсуф, Юсуф ибни Холиди Самтӣ, Абўисмат Нўҳ ибни Абўмарям баён шудаанд, асрҳост, ки мардумони кишварҳои гуногуни оламро ба роҳи неки зиндагӣ ҳидоят менамоянд.
Аз ин ҷост, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояш ба арзишҳои волои инсондўстии андешаҳои Имоми Аъзам ишора намуда, таҳқиқу баррасӣ ва ташвиқу тарғиби онҳоро таъкид кардааст. Дар мақолаи «Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо» навиштааст: «Аз ҷумла поягузори мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам намунаи баланди инсондўстиро дар зиндагӣ ва таълимоти худ нишон додааст».1Дар ҳақиқат инсондўстӣ аз масъалаҳои асосии андешаҳои ахлоқии Абўҳанифа буда, мароми зиндагиву фаъолияти ў маҳсуб мешуд.
Инсон барои Абўҳанифа хеле азизу муътабар аст, аз ин рў ҳамеша ба ҷой овардани эҳтирому поси ўро новобаста аз мақому мансаб ва оину насаб талқин менамояд. Ў ҳамеша дар муносибат бо мардум эҳтиёткор ва воқеъбин буданро дархост менамояд. Дар зимни насиҳат ба шогирдаш Холид ибни Самтии Басрӣ барои дарк кардани вазъи шахси мухотаб лаҳзае ба ҷои ў тасаввур кардани худро тавсия менамояд:
«Рафторат бо мардум ҳамчунон бошад, ки бо худат рафтор мекунӣ ва барои онон ҳамон чизе биписанд, ки барои худат меписандӣ». Тавре ки худи Абўҳанифа дар васият ба фарзандаш Ҳаммод ишора кардааст, ин матлаб аз як ҳадиси Пайғамбар(с) сарчашма мегирад: «Ҳеч яке аз шумо, то ҳангоме мусалмони комил наметавонад бошад, ки он чиро барои худаш меписандад, барои бародари мусалмонаш низ биписандад». Бояд гуфт, ки ин маънӣ дар осори шоирони форсу тоҷик низ борҳо ба риштаи назм кашида шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор