Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар Авесто на танҳо эзидҳову одамон бо сифатҳои нек тавсиф мешаванд, балки падидаҳои табиат низ дорои ин сифати ҳамида мебошанд. Аз ҷумла рўди Дойитӣ, ки ба андешаи баъзе муҳаққиқон рўди Зарафшон аст, бо тавсифи нек ёд мешавад.
Яке аз муҳимтарин омилҳо ва манбаъҳои некӣ дар Авесто хуршед аст, ки бо партаваш табиату ҳастиро пок месозад. Дар Вандидод Эронвич «нахустин сарзамин ва кишвари нек» номида мешавад. Дар Авесто махсусан ба покиву некии об таваҷҷўҳи зиёд дода шудааст ва он яке аз омилҳои поксозии олудагиҳо қаламдод гаштааст. Баррасии ин масъаларо ба ҷои дигар мавқуф гузошта, ҳоло фақат ин нуктаро ёдовар мешавем, ки эътиқод ба поксозии оби нек то имрўз миёни мардуми тоҷик побарҷост: «Бо се бор шустани тан, бо се бор шустани ҷомаҳо… ва бо ниёз бурдани ошомиданӣ назди оби нек.» Дар Авесто ҳамчунин ҷонвароне чун мурғ, хурўс, гов нек тавсиф шудаанд, ки ба нақши онҳо дар ҳаёти мардум вобаста аст.
Тавре ки мебинем, некӣ дар Авесто мафҳуми хеле васеъ, амиқ ва ҳаётӣ дошта, дорои аҳамияти калони ахлоқиву тарбиявӣ мебошад. Вале, мутаассифона, то имрўз ба ин масъала таваҷҷўҳи ҷиддӣ зоҳир намешуд. Шояд яке аз сабабҳои ин ба Авесто ҳамчун як асари муқаддаси динӣ нигоҳ кардани муҳаққиқон ва нодида гирифтани арзишҳои баланди фарҳангиву таърихии он бошад.
Ҳатто донишманди маъруфе чун И.С. Брангинский, ки дар таҳқиқи ин асар хидмати шоиста кардааст, роҷеъ ба мақоми инсон дар он таваққуф намуда, консепсияи инсонро дар Авесто сирф динӣ дониста, инсонро танҳо хидматгузори худоён, иҷрокунандаи иродаи ҳокимони осмониву заминӣ ба қалам медиҳад.27Ҳол он ки худи симои Зардушт дар Авесто пеш аз ҳама чун инсони накўкор ва дорои хислатҳои заминӣ тавсиф гардида дар маркази тасвир дар саросари асар қарор гирифтааст. Илова бар ин дар Авесто ҳамаи худоҳо хислатҳои инсонӣ касб карда, ба зиндагии мардуми кишоварзу чорводор наздик оварда шудаанд. Бинобар ин Авесторо фақат чун ёдгории динӣ ва ҷудо аз ҳаёти мардум арзёбӣ кардан дуруст нест. Ин шоҳасар дар баробари китоби муқаддаси динӣ будан ёдгори барҷастаи фарҳангиву фалсафӣ, таърихиву адабӣ низ ҳаст. Дар сурати таҳқиқи ҷомеи Авесто бо назардошти ҳамаи ҷанбаҳои он мо метавонем ба арзишҳои воқеии он пай барем ва онҳоро дар тарбияи ахлоқиву маънавии мардум истифода намоем. Аз ин рў дар рўҳияи некӣ тарбия намудани мардум ва тарғиби пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек, ки ба таври хеле муҷазу зебо тамоми ҷанбаҳои ҳаётро фаро мегирад, чун шиори асосии ҳар фарди ҷомеа новобаста аз ирқу нажод, дину оин, забону миллат имрўз ва фардо низ метавонад судманд бошад.

пешина
аз 625
навбатӣ