Равзанаи адаб

«Эй Маздо, эй сапед мину
Инак дар оғоз бо дастҳои бароварда туро намоз мегузорам…
Ва бо ҳама хираду маниши нек Гушварванро хушнуд кунам.» Дар банди дуввуми суруди мазкур маниши нек ба василаи иртиботи инсон ба яздон табдил меёбад:
«Эй Маздо Аҳура
Бо маниши нек ба ту рўй меоварам.» Дар банди саввум низ маниши нек мавриди ситоиш қарор мегирад:
«Эй Маздо Аҳура
Ту ва ашаву маниши некро суруде навоин мегўям.» Некӣ тўшаи асосии инсон дар роҳи умр буда, тавассути он ростиву росткорӣ, ҳақиқату додгарӣ, назму сомон дар ҷаҳон ҷорӣ мегардад.
Дар банди чоруми суруд дар ин бора сухан меравад.
Инсон ҳамеша ҷўёи некист ва мехоҳад ҳарчи зудтар ба он даст ёбад ва тавассути он мардумро ба роҳи рост ҳидоят намояд. Дар банди панҷуми суруд дар ин бора омадааст:
«Эй аша
Кай туро хоҳам дид ва маниши некро ба фарзонагон дархоҳам ёфт?» Дар Авесто ростиву росткорӣ ва некиву некўкорӣ аз омилҳои асосии зиндагии поку беолоиш дониста мешавад. Аз ин ҷост, ки дар банди шашуми суруд ба Аҳура Маздо муроҷиат мешавад, ки ба Зардушт ва пайравони ў маҳз маниши нек ва фариштаи некӣ ашаро бахшад, то ки бо ин силоҳҳо бо душман мубориза бурда, зафарёб шаванд:
«Эй Аҳура
Бо маниши нек ва аша /ба сўи мо/ ой ва ба гуфтори рости хеш Зардуштро ва ҳамаи моро диҳиши зиндагии дерпой арзонӣ дор.» Ба ин минвол дар аксари сурудҳои дафтари аввали Авесто сухан аз маниши нек ва нақши асосии он дар зиндагии инсон меравад. Манишу сиришти пок нерўи тавоноест, ки боиси пешрафту зафарҳои инсон дар мубориза бо ҳама зиштиҳо мегардад. Аз ин ҷост, ки инсон дар ниёиши худ аз яздон ҳамеша онро дархост менамояд.
Инсон маниши нек ва ашаро чун атои муқаддаси яздон ҳифзу нигаҳдорӣ мекунад ва азизу мўҳтарам мешуморад:
«Эй Маздо Аҳуро
Бо ин бахшиш ҳаргиз Туро ва аша ва маниши некро намеозорам ва хашмгин намекунам.» Инсоне, ки дорои сиришту неку равони ростист, ҳеҷ гоҳ ба зиштиву нопокӣ роҳ намедиҳад ва ҳамеша амали хубу шоистаро анҷом медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор