Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

имруз «байтулҳазан» гаштааст, ватане, ки дар паҳновариву сарсабзӣ беҳамто буд, имрўз ҳоли ҳузноваре дорад:

Гирям аз он ки ту танҳоиву ман танҳотар,
Ватанам, о ватанам, о ватанам, о ватанам.

Аксари шеърҳои солҳои охири Лоиқро оҳанги ғаму андўҳ фаро гирифтааст. Шоир на танҳо аз ҳодисаҳои нохуши ҷанги дохилии кишвар, балки аз таърихи ноҳамвору фоҷиабори миллаташ низ сахт андўҳгин аст.Ғуссаи ў дар он аст. ки миллати точик дар дарознои таърих ҳамеша ҷабру зулми аҷнабиёни истилогарро кашида, пораву парешон гаштааст, мулки худро ба тороҷ дода, имрўз ҷабр мекашад:

Ҷабри таърих ягон халқ надидаст, ки мо,
Заҳри таърих нажоде начашидаст, ки мо.
Миллате зери фалак бо ҳама фарҳанги сутург,
Ин қадар зиллату хорӣ накашидаст, ки мо.

Вале шоир навмед намешавад ва ба неруи хиради миллате, ки ин қадар ҷабру азоб кашида, боз дам зиндаву устувор мондааст, бовар дорад. Лоиқ ҳам мисли Ҳофиз бовар дорад, ки аз паси шаб субҳ хоҳад омад: .

Куштаи бисёр додӣ, боз рўҳат зинда аст,
Поя дар ин хок дорӣ, давлатат поянда аст.
Гарчи аз домони кўҳат рўди хун ҷорӣ шуда,
Қуллаи кўҳат нишони қуллаи оянда аст.

То туро бетоб дидам, тоб хўрдам рўзу шаб
Шукри борӣ аз паи шаб субҳи ту тобанда аст.

Шоир аз бемории миллату давлат ранҷ мебурду менолид
ва аз
шифои тадриҷии онҳо тасаллӣ меёфту меболид. Ў аз
гузаштани ҷанги бунёдсўз ва фаро расидани сулҳи бунёдкор дар кишвари
ҷафодидаи тоҷикон хеле хушҳол шуда, тақвияту таҳкими сулҳи деринтизорро таманно мекард.

пешина
аз 625
навбатӣ