Равзанаи адаб

Дар ин дунё на танҳо бар адувон,
Зафар бар хештан ҳам қаҳрамонист.
Дар замоне, ки Тоҷикистонро ҷанги бародаркушӣ фаро гириф- та буд, Лоиқ сукут накард ва бо эҳсоси баланди ватандўстона фоҷиаи мидлатро ба қалам дод ва мардумро ба иттиҳоду ҳамбаста- гӣ, худшиносиву худогоҳӣ даъват намуд..
Ў ба мардуми тоҷик ҳушдор дод, ки имрўз муборизаи Аҳура Маздо ва Аҳриман идомадорад ва зиштӣ бар некӣ ғолиб омадааст ва миллати бостонии тоҷик дар вартаи ҳалокат аст ва бояд худро наҷот диҳад :
Гунаҳи мост ҳолия ин хок
Мадфани мурдагони бегунаҳ аст.
Гарданафроз мардуме будем,
Гарданамон ба ҳалқаи расан аст.
Тоҷико, асли хешро дарёб
Варна фардот бенишон шудан аст.
Дар шеърҳои Лоиқ, ҳанўз қабл аз ҳодисаҳои хунин навишта шуда буданд, омилҳо ва заминаҳои ба ин ҳолати ногувор расидани мардуми тоҷик ба қалам омадааст. Дурӣ аз асли хеш, бехабарӣ аз фарҳанги ғании ниёгон, адами худшиносиву худогоҳии миллӣ, маҳалгароиву бегонапарастӣ ва амсоли инҳоро шоир аз омилҳои касоди маънавӣ ва ахлоқӣ медонист, ки билохира мунҷар ба касоди куллии ҷомеа вас ар задании ҳодисаҳои нохуш гардиданд :
Миллати мо миллати яклахт нест,
З-ин сабаб хушдавлату хушбахт нест.
То ғамони хешро ғамхора нест,
Миллати мо миллати якпора нест.
Шаҳманиш будан барояш каҳкашист,
Хештаннашносии ў худкушист.
Заминаву омилҳои таназзули худшиносии мардуми
тоҷик махсусан, дар силсилаи охирин шеърҳои шоир «Фарёди бефарёдрас» басе возеҳу равшан, муассири нишонроасбаён шудаанд, Ин шеърҳо, ки аз каҷдору марезҳои замони шўравӣ, аз сиёсати бемантиқу бебунёди идеологӣ, аз фишоору тазйиқҳои иапънавӣ ба мардум ва амсоли инҳо ҳикоят мекунанд, моломоли дарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор