Равзанаи адаб

Рўдакӣ аз панду андарз ба сифати василаи тарбияи шахс хеле устодона истифода кардааст. Зимнан бояд гуфт, ки анъанаи панду андарзгўӣ дар адабиёти тоҷику форс таърихи қадимӣ дошта, ҳанўз ба забонҳои форсии қадим ва паҳлавӣ суруда шудани як теъдод андарзномаҳо аз қабили «Пандномаи Бузарҷмеҳр», «Пандномаи Анўшервон», «Хирадномаҳо» маълум аст. Ба эҳтимоли қавӣ Рўдакӣ низ монанди «Офариннома»-и ҳамзамони худ Абушукури Балхӣ пандномаҳо навиштааст, ки мутаассифона, то замони мо нарасидаанд, вале абёти зиёди ҳикматомези боқимонда аз ҳамин қабил асарҳои шоир шаҳодат медиҳанд. Дар он байтҳои парешон андешаҳои ҷудогонаи ахлоқии шоир ифода ёфтаанд, ки матлаби асосии онҳо ба корҳои некў ва ҳамида раҳнамун сохтани одамон мебошад. Аз ҷумла шоир беҳтар будани хомўширо нисбат ба пургўии беҷо ба ин тариқ таъкид мекунад:
Баски дар гуфта пушаймон будаам,
Баски бар ногуфта шодон будаам.
Ростиву росткорӣ, ки аз хислатҳои неки инсонӣ аст, ба кас хушиву нишот меорад, зеро инсони росткор ҳамеша осуда буда, парешониву пушаймонӣ надорад:
Ҳар к-ў, биравад рост, нишастаст ба шодӣ
В-он к-ў наравад рост, ҳама мурда ҳамедиш.
Рўдакӣ ҳамчунин одамонро ба мағрур нашудан аз дарёфти молу сарват, накардани бадгўиву бадкорӣ, наварзидани бухлу ҳасад даъват менамояд. Шоир ҳирсу озро низ аз хислатҳои бади инсонӣ мешуморад, онро сабабгори пайдоиши бадгўиву бухлу ҳасад ва дигар хислатҳои зишт медонад. Дурӣ ҷустан аз ин хислатҳои бад ва пеша кардани қаноатро шоир аз шартҳои зиндагии озодонаи инсон меҳисобад:
Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,
Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ.
Дар беҳ зи худӣ назар макун, ғусса махўр,
Дар кам зи худӣ назар куну шод бизӣ.
Зиндагии инсон бе дўстӣ маъниву сафое надорад. Аз ин ҷост,ки суханварони маъруфи ҳар давру замон дўстиро васф намуда, душманиро маҳкум кардаанд. Рўдакӣ низ фараҳу шодмонии ҳангоми боздиди дўстонро хуштарин лаҳзаи умри инсон шуморида, лаҳзаҳои фироқро талхтарин овони ҳаёт медонад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё