Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз назари Саъдӣ ҳам илм воситаи камолоти инсон буда, давлату сарват дар муқоисаи он ночиз аст:

Бани одам аз илм ёбад камол,
На аз ҳашмату ҷоҳу молу манол.

Вале аз назари ҳам Рўдакӣ ва ҳам аз шоирони дигар ақлу хиради инсон ва омўхтани илму дониш на бар сари худ, балки дар робита бо ҳаёти инсон маъниву арзиш пайдо мекунад. Рўдакӣ таъкид месозад, ки бузургиву матонати инсон ҳангоми бархўрди ў бо мушкилоти зиндагӣ зоҳир мегардад. Дар ин мавқеъ донишу хираде, ки дар тўли умр андўхтааст, мададгори инсон хоҳад шуд.
Шоир барои муайян кардани арзиши инсон зиндагиро маҳаки асосӣ қарор дода, зуҳуроти моҳияти инсон, ғанои маънавии ўро дар рафтору амалиёташ месанҷад. Аз ин ҷост, ки шоир ба инсон дар рўзҳои сахт маъюс нашуданро ва бо азму иродаи қавӣ ва донишу хирад бартараф кардани душвориҳоро талқин менамояд:

Андар балои сахт падид оранд
Фазлу бузургмардиву солорӣ.

Ҳаёт омўзгори асосии инсон аст. Бахусус, дар зиндагии ҳамарўза инсон ташаккул ёфта, дар асари бархўрд бо ҳодисаҳои гуногуни рўзгор аз неку бад огоҳӣ меёбад.Ҳамин ҳаводиси мухталифи рўзгор аст, ки инсонро обутоб дода ба набардҳои тоза ва душвориҳои оянда бурдбор менамояд. Рўдакӣ, ки худ гармиву сардиҳои зиндагиро эҳсос карда, талхиву шириниҳои онро чашида, аз пастиву баландиҳои ҳаёт гузашта ба дараҷаи камолот расида буд, сабақҳои рўзгорро ҳеҷ гоҳ фаромўш намекунад ва ҳамеша аз сабақҳои зиндагӣ баҳравар шуданро тарғиб менамояд:

Бирав, зи таҷрибаи рўзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Тибқи андешаи Рўдакӣ ҳеҷ омўзгоре дар тарбияву ташаккули инсон бар мақоми ҳаёт намебошад. Зеро воқеияти ҳаёт басо рангин ва беҳадду канор аст. Танҳо шахсе метавонад аз санҷишу душвориҳои ҳаёт ба осонӣ бигзарад,ки аз рўйдодҳои он дарси ибрат омўхтааст.

Ҳар кӣ н-омўхт аз гузашти рўзгор,
Низ н-омўзад зи ҳеҷ омўзгор.

пешина
аз 625
навбатӣ