Равзанаи адаб

мардум ҳамеша огоҳ бошад ва ононро ба роҳи дуруст ҳидоят кунад:
Пас ин шоҳро беҳ, ки дорад нигоҳ,
Ки бар омма-бар чун шубон аст шоҳ.
Чу хусрав надорад, чӣ хоҳанд аз ўй,
Ҳақи мардумон чун вогузорад бигўй.
Абўшакури Балхӣ ҳамчунин барои шоҳон вуҷуди вазирони донову дурусткорро зарур мешуморад:
Шунидам, ки бар шоҳ фаррух бувад,
Ки дастури покизапосух бувад.
Наёяд-ш дастури нодон ба кор,
Дабирони нодону ноустувор.
Шоир хислатҳои ношоиставу бади шоҳонро танқид карда, махсусан, шитобзадагиву хашми бемавриди ононро мазаммат менамояд:
Шитоб оварад зишт некў ба чашм,
На некў бувад подшо зудхашм.
Наздикиву қаробат бо чунин шоҳони зудхашм хатари ҷон дорад. Дар таърих воқеаҳои зиёде маълум аст, ки чи қадар вазирону надимон ва шоирону таъбиргарон дучори ғазаби шоҳон гаштаанд. Аз ин ҷост, ки Абушакури Балхӣ шоҳонро ба оташ монанд мекунад, ки наздикӣ ба он хеле хатарнок аст:
Шунидам, ки оташ бувад подшоҳ,
Ба наздики оташ кӣ ҷўяд паноҳ?
Ҳатто наздикӣ ба шоҳ барои писари ў низ бехатар нест:
Агар подшоҳро ту бошӣ писар,
Ҳаметарс аз ў, гар бибояд-т сар.
Рўдакӣ, ки дар радифи аввали суханварони замон қарор гирифта буд, бо ҷуръату ҷасорат зидди зулму ситами золимон, бадкории амалдорон, хунрезии лашкаркашону силоҳбадастон қотеъона сухан мегўяд. Ў куштани мардуми бечора ва бегуноҳро бадтарин кор медонад, ки аз ҷониби Худованд беҷавоб нахоҳад монд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё