Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рўдакӣ аз вазъи баду ногувори мардум, ранҷу ситам ва нохушии рўзгори онон ғусса мехўрад ва аз номи ин мардуми ситамдида бо дарду алам хитоб мекунад:

Дар манзили ғам фиканда мафраш моем
В-аз оби ду чашм дил пуроташ моем.
Олам чу ситам кунад, ситамкаш моем,
Дасти хуши рўзгори нох/в/аш моем.

Шаҳиди Балхӣ бештар аз ҳоли ғамангези аҳли илму хирад шикоят мекунад, ки ба эҳтимоли қавӣ ин ба рўйдодҳои солҳои охири ҳукмронии Наср ибни Аҳмади Сомонӣ, ки адибону донишмандони зиёде бо тўҳмати қармативу исмоилӣ мавриди таъқиб қарор гирифтанд, марбут аст:

Агар ғамро чу оташ дуд будӣ,
Ҷаҳон торик будӣ ҷовидона.
Дар ин гетӣ саросар гар бигардӣ,
Хирадманде наёбӣ шодмона.

Дар қитъаи мазкур шоир бо монанд кардани ғаму ғуссаи ғайримоддӣ бо дуд, ки ҳам бо сиёҳрангӣ ва ҳам бо қувваи тазйиқдиҳандаву хафакунандаи худ аёну чашмрас аст, вазъи рўҳии аҳли илму донишро хеле равшану барҷаста ба қалам додааст.
Шоирон сабаби бад шудани вазъи рўзгори мардумро аз ноустувории дунё, гардиши фалаки каҷрафтор ва замона медонанд. Аз ҷумла Рўдакӣ аз ҷаври замонаи шум шикоят мекунад:
Оҳ, аз ҷаври ин замонаи шум, Ҳама шодии ў ғамон омеғ.

Шоир афсўс мехўрад, ки инсон дар назди замонаву марг эътиборе надорад ва мисли гул пажмурда мегардад:

Ҷумла сайди ин ҷаҳонем, эй писар,
Мо чу саъва, марг бар сони заған.
Ҳар гуле пажмурда гардад, з-ў на дер-
Марг бифшорад ҳама дар зери ған.

Шоирони давр барои беҳтар шудани вазъи зиндагии мардум
ва ободии кишвар мақоми шоҳи одилро муҳим медонанд. Дар
назари онҳо шоҳ чун чўпон асту раият мисли рама ва офияту
оромиши он ба чўпон вобаста аст. Аз ин рў шоҳ бояд аз ҳоли

пешина
аз 625
навбатӣ