Равзанаи адаб

Сафҳаи даҳр бувад дафтари умри ҳама халқ
Инчунин гуфт хирадманд, ки андеша гумошт.
Хуррам он кас, ки бар ин дафтари пок аз ҳама ҳарф
Рақами хайр кашиду асари хайр гузошт.
Аз нигоҳи Ҷомӣ чунин инсон худ аз худ ва ногаҳон падид намеояд.
Барои ташаккули инсон қабл аз ҳама омўхтани илму дониш зарур аст:
Нахуст аз илму дониш баҳравар шав,
Зи ҷаҳлободи нодонӣ бадар шав!
Барои ба даст овардани илму дониш кўшишу талош ва заҳмати пайваста лозим аст. Аз ин рў инсон вақтро бояд ғанимат донад ва онро барои омўзиши илму дониш сарф намояд:
Мазан пушти по бахти фирӯзро,
Ба қисмат се кун ҳар шабонрӯзро.
Якеро ба таҳсили дониш гузор,
Ки бедонишӣ нест ҷуз айбу ор.
Ба дониш шав андар дувӯм коргар,
Савӯмро ба бедонишон бар ба сар!
Вале илму дониши андухтаи инсон вақте арзиш пайдо мекунад, ки дар амал татбиқ шавад, мушкилеро дар зиндагӣ ҳал созад ва барои пешрафти ҷомеа хидмат намояд:
Ба кор ор илме, ки омӯхтӣ,
Макуш машъалеро, ки афрӯхтӣ
Илм чу донӣ, зи амал сар мапеҷ,
Дониши бекор наярзад ба ҳеҷ.
Ҷомӣ, махсусан, ба омўзиши пешаву ҳунар таваҷҷўҳи зиёд зоҳир намудааст, ки бесаба нест. Аввалан ў низ касбу ҳунарро василаи зиндагӣ ва маишати рўзгор медонад. Пешавар тавассути меҳнати пурмашаққат на танҳо рўзгори худро сомон мебахшад, балки роҳатрасони дигарон ва ободгари мулк мегардад:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо