Равзанаи адаб

радифи симоҳои асотириву таърихии мусулмониву юнонӣ амсоли Суқроту Афлотун, Буҳанифаву Сўфиён аз асотири Эрони бостон, аз ҷумла аз худои ҷанг Баҳром, ки дар «Авесто» ҳам мавриди ситоиш қарор гирифтааст, ёд кардааст :
В-ар ба набард оядаш ситораи Баҳром,
Тўшаи шамшери ў шавад ба гаравгон.
Яке аз бузургтарин шоироне, ки дар аҳди Сомониён барои эҳёи суннатҳои Эрони бостон талошу кўшишҳои зиёд ба харҷ додааст, Дақиқии Самарқандӣ аст. Аз ашъори шоир бармеояд, ки ў ба оини зардуштӣ таваҷҷўҳи зиёд доштааст:
Дақиқӣ чор хислат баргузидаст
Ба гетӣ аз ҳама хубиву зиштӣ.
Лаби ёқутрангу нолаи чанг,
Майи хушрангу дини зардуҳиштӣ.
Аз ин ҷост, ки ў ба назми «Шоҳнома» шурўъ мекунад, вале дар ҷавонӣ кушта мешавад ва кори муҳимми оғозкардаашро Фирдавсӣ идома медиҳад. Он қисмати иншошудаи «Шоҳнома»-и Дақиқӣ ҳам ба Зардушт бахшида шудааст. Маснавии мазкур ба тасвири ҳукмронии Гуштосб ва дини Зардуштро пазируфтани ў шурўъ мешавад. Дақиқӣ ба такрор дини беҳ будани оини зардуштиро таъйид менамояд :
Биёмўз ойини дини беҳӣ,
Ки бе дин на хуб аст шоҳаншаҳӣ.
Чу бишнид аз ў шоҳи беҳ дини беҳ, Пазируфт аз ў дину ойини беҳ…
Худи Зардушт чун паёмбари ростгўй муаррифӣ шуда,
пайравӣ аз ў талқин мегардад:
Сўйи гунбади Озар оред рўй,
Ба фармони пайғамбари ростгўй.
Тарғиби ойини зардуштӣ ва алоқаву дилбастагӣ ба он дар қасоиду муқаттаоти шоир низ ба назар мерасад. Аз ҷумла дар поёни қасидаи тўлонии мадҳӣ менависад :
Яке Зардуштворам орзўест,
Ки пешат Зандро бархонам аз бар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё