Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар абёти парокандаи Рўдакӣ табрики мамдўҳ бо қадимтарину фархундатарин ҷашни мардуми ориёӣ – Наврўз низ ба назар мерасад:

Бод бар ту мубораку хуншон,
Ҷашни Наврўзу Гўспандкушон.

Тавре ки аз байти мазкур бармеояд, дар он сол ҷашни Наврўз бо иди Қурбон дар як вақт омадааст. Ҳамчунин аз байти мазкур маълум мегардад, ки унвони ин иди мусулмониро мардум ба форсии тоҷикӣ тарҷума кардаанд. Гўспандкушон ишораест ба маросими қурбонӣ кардани гўспанд дар ин ид, ки то имрўз дар байни мусулмонон мутадовил аст.
Шоирони асрҳои 1Х – Х ба осори ҳунарии бостонӣ амсоли «Аржанг»-и Монӣ ва навоҳои Борбад низ таваҷҷўҳи зиёд доштаанд. Робиаи Балхӣ дар зимни тасвири зебоиҳои фасли баҳор ёде аз Озар ва Монии сеҳрқалам мекунад :
Бидод аз нақши Озар сад нишон об, Намуд аз сеҳри Монӣ сад асар бод.

Ҷои дигар ў ба асари маъруфи Монӣ «Аржанг» ишора менамояд :

Зи бас гул дар боғ маъво гирифт,
Чаман ранги Аржанги Моно гирифт.

Рўдакӣ низ зебоии манзараҳои табиатро дар фасли баҳор ба наққошии Монӣ дар «Аржанг» монанд кардааст :

Он саҳни чаман, ки аз дами дай,
Гуфтӣ думи гург ё паланг аст.
Акнун зи баҳори монавитабъ
Пурнақшу нигор ҳамчу «Жанг» аст.

Башшори Марғазӣ нағмаҳои хуши паррандагонро ба садои нойи Борбад монанд кардааст :

В-он зардбофи гунгшуда шуд чу Борбад,
Дастонзанон зи сарв ба гул бар ҳамепарид.

Тавре ки ишора шуд, дар осори боқимондаи шоирони
асрҳои 1Х – Х гароиш ба суннатҳои оини зардуштӣ ба назар
мерасад. Рўдакӣ дар қасидаи маъруфи худ «Модари май» дар

пешина
аз 625
навбатӣ