Равзанаи адаб

Ҳоло бо зикри як байт, ки дар он хилофи одати маъмул падидаҳои зебои табиат ба узвҳои зебои маъшуқ монанд мешаванд, иктифо менамоем:
Моҳро равшанӣ аз рўи ту мебояд ҷуст,
Сарвро ростӣ аз қадди ту мебояд хост23
Дар тасвири зебоии маъшуқ Камол тарзи дигари ташбеҳсозиро корбаст намудааст, ки ба он муҳаққиқон ҳанўз таваҷҷўҳе зоҳир накардаанд. Ин тарзи ташбеҳсозӣ, ки дар ғазалиёти шоир хеле зиёд ба назар мерасад, тасвирҳои муфассали манзаравӣ мебошад. Шоир барои барҷаста нишон додани зебоии маъшуқ ва узвҳои ў манзараҳои гуногунеро пеши назари хонанда ҷилвагар менамояд:
Боз худро чу гули тоза бароростаӣ,
Боғи рухсора ба гулҳои тар оростаӣ.
Рухи ту оташу зулфат хирман,
Ба хирман оташам з-инҳо расида.
Боғи рухсори бутон баҳри тамошост Камол, Набарӣ даст бад-он себи занахдон густох. Камол дар тасвири ҳусни маъшуқ аз тавсиф низ хеле моҳирона истифода карда, як силсила тасвирҳои рангину ҷаззоб офаридааст, ки ҳоло бо зикри як байт қаноат мешавад:
Чашми шўху дили сангин, бари симин дорӣ, Холи мушкин, рухи рангин, лаби ширин дорӣ 25 Дар байти мазкур тавсифҳо на танҳо зебоиву малоҳати узвҳои ҷудогонаи маъшуқро ба таври барҷаста нишон медиҳанд, балки бо ҳамоҳангии худ ҷаззобияти шеърро меафзоянд. Ҳамин тавр Камол дар тасвири зебоии инсон камоли маҳорати суханвариро ба харҷ дода, бо тасвирҳои рангин, суханбозиҳои ширин, лутфҳои шоиронаву суханҳои дилнишин назми оламшумули форсу тоҷикро ғанӣ гард
1 Ш. Ҳусейнзода. Камоли Хуҷандӣ. Ғазалҳои мунтахаб.
Сталинобод, 1955.-С. 34.
2 Девони Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ, ба эҳтимоми К.
Шедфар: М., Ч. 1-1, 1975-С. 714.
7 Девони Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ. –Маскав, ч.1-1-С.
923.
9 Девони Шайх Камоли Хуҷандӣ, нашри Эраҷи Гулисурхӣ, ҷ.1-С. 938.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо