Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ки намунаи барҷастаи ин қабил тасвирҳо ба шумор меравад:

Эй ман саги кўи ту, афв кун ин худписандиам.

Зимнан бояд гуфт, ки муҳаққиқон Камоли Хуҷандиро бунёдгузори чунин тасвирҳо донистаанд. Вале мисолҳои фаровне, ки дар ғазалҳои боқимондаи Ҳасани Деҳлавӣ ба назар мерасанд, далолат бар он мекунанд, ки дар чунин тасвирҳо ў бар Камоли Хуҷандӣ тақаддум дошта, асар гузоштааст.
Ҳасани Деҳлавӣ дар ғазал бештар дарди ишқро ба тасвир гирифтааст ва инро худи шоир аз вежигиҳои ашъораш медонад:

Дӣ як ғазали дардфизо дар назараш буд,
Мегуфт ба ёрон, ки тариқи Ҳасан аст ин.

Дар иддае аз ғазалҳои шоир тасвири ишқи илоҳӣ, ки бо ишқи заминӣ пайваста аст, ба назар мерасад. Вале оҳангҳои тасаввуфӣ дар ғазалҳои ў мавқеи асосӣ надорад. Ва ўро «шоири сўфӣ»
номидани баъзе муҳаққиқони осори шоир амсоли Лола Саломатшоева ва аз ғазалҳои у ҷустани фақат «рамзҳои тасаввуфӣ» ба назари мо дуруст нест. Ҳамчунин кўшишҳои ў бобати нишон додани таъсири фалсафаи Ибни Сино дар андешаи Ҳасани Деҳлавӣ роҷеъ ба ишқ бунёд далеле надорад. Аз ин рў таъкиди зерини М.Бақоев дар ин бобат дуруст мебошад:
«Ғазалиёти шоир равон, зебо, дилкаш ва латиф буда, масъалаҳои ишқу ошиқӣ дар онҳо аз таҳти дил суруда шудааст ва тарзи сўфиёна дар каломи ў камтар дида мешавад». Дар воқеъ ҳарчанд Ҳасани Деҳлавӣ ба тасаввуф гаравида, тариқи чиштияро пайравӣ мекард ва ба пири ин маслак Низомиддин Авлиё қаробату иродати зиёд дошт, вале дар ғазалиёти худ ў пойбанди ишқи заминӣ буда, андешаҳои фалсафиву тасаввуфиро дар асари дигараш «Фавоидулфуод» баён кардааст.
Дар ғазалҳои Ҳасани Деҳлавӣ баёни масъалаҳои иҷтимоиву ахлоқӣ низ камтар ба назар мерасанд. Шоир танҳо чанд ғазали худро ба шикоят аз замонаву беадолатиҳои давр ихтисос додааст.
Аз ҷумла дар ғазалҳое, ки бо матлаъҳои зер шурўъ мешаванд, шикояту эътирофи шоир баён шудаанд:

Бўи роҳат дар ҳама олам намонд,
Одамият дар бани одам намонд…

Фалак бо кас дили якто надорад.
Зи сад дида яке бино надорад. Ғазалҳои ҷудогонаи Ҳасани Деҳлавӣ ба масъалаҳои иҷтимоиву ахлоқӣ истисос дода шудаанд.

пешина
аз 625
навбатӣ