Равзанаи адаб

Ин нуктаро Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳам дар ашъор ва ҳам дар рисолаҳояш таъкид кардааст. Дар «Рисолаи ақлия» таъкид шудааст: «Чун назди арбоби уқул муқаррар аст, ки сабаби шарафи рутбату имтиёзи навъи инсон бар дигар ҳайвонот илм аст…» Дар маснавии «Ҳафт водӣ» мақоми аҳли илм хеле баланд дониста шудааст:
Ҳар ки шуд дар илм соҳибдавлате,
Набвадаш дар роҳ ҳаргиз хиҷлате.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар рисолаҳои худ хислатҳои ҳамидаи инсониро амсоли сабру қаноат, покиву ростӣ, ғами дунё нахўрдану қадри неъмат шинохтан, ҳимматбаландиву фурўтанӣ, хушхўиву камозорӣ талқин намуда, хислатҳои зишти кибру ғурур, бухлу ҳасад, худписандиву ҳарисӣ, тамаъкориву кинаварзӣ, ғайбату бадгўӣ ва амсоли инҳоро мазаммат мекунад.
Дар ашъори шоир, ба хусус дар маснавии «Ҳафт водӣ» низ ситоиши хислатҳои нек ва мазаммати хислат -ҳои бад ба назар мерасад. Аз ҷумла дар рубоии мансуб ба Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ худписандаву худхоҳӣ, кибру ғурури бархе афродро, ки бешак сарватмандону мансабдорон буданд, маҳкум гардида, фурутаниву тавозуъ бо ташбеҳу тамсили содаву муассир тарғиб мешавад:
Айб аст баланд баркашидан худро
В-аз ҷумлаи халқ баргузидан худро.
Аз мардумаки дида бибояд омўхт
Дидан ҳама касрову надидан худро.
Дар рисолаи «Макоримулахлоқ» ориф ба хислатҳои зишт ишора намуда, бухлу хашм, ҳирсу кина, шаҳвату кибру ҳасадро зикр мекунад ва монеъи иҷрои корҳои нек будани онҳоро таъкид месозад : «Эй азиз, бидон, ки рууси замоим ҳафт аст :
Яке бухлу дувум хашму севум оз, Чаҳорум ҳиқду панҷум шаҳвату боз, Шашум кибру ҳасад, ҳар ҳафт ёрат, Аз ин ёрон халал бигрифт корат.
Сипас дурӣ ҷустан аз онҳо талқин гардида, пазируфтани хислатҳои нек амсоли тавозўъу карам, қаноат, камозорӣ, парҳез, тоат, ҳикмат таъкид мешавад :

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё