Равзанаи адаб

Боз як равиши тоза дар шинохти рубоиёти асили Хайём
Дар бораи аҳволу осор ва андешаву афкори Умари Хайём дар кишварҳои гуногуни олам баррасиҳо сурат гирифтааст. Вале, мутаассифона, дар таъйини шахсият ва ҷаҳонбинии ў ҳамчун донишманд ва шоир андешаҳои мухталиф баён гардида, симои вай пуртазод ба қалам дода шудааст. Хайёмро баъзе муҳаққиқон чун шоиру донишманди моддигаро, гурўҳе шоири мутасаввифу ориф, "яке ўро майпараст, дигаре
23 кофир, сеюмӣ даҳрӣ" қаламдод кардаанд. Яке аз сабабҳои асосии чунин арзёбии пурихтилофи шахсияту ҷаҳонбинии Хайём ба ў нисбат дода шудани рубоиҳои шоирони дигар аст.
Тавре ки қаблан зикр карда будем, бобати шинохти рубоиёти асили Хайём низ донишмандони зиёде саъю кўшиш ба харҷ додаанд.
Нигорандаи ин сатрҳо барои ҳалли ин масъала равиши ҷомееро пешниҳод карда буд, ки аз чор шеваи зайл иборат аст:
". Таҳқиқи матншиносӣ /рубоиёти Хайём дар манобеи таърихӣ, адабӣ, ҷуғрофиёӣ, дар нусхаҳои гуногуни хаттӣ/; 2. Таҳқиқи сабкшиносӣ / мазмуну маъниҳои хоси рубоиҳои Хайём, сувари хаёл, тасвирҳои вожа ва таъбирҳои маъмули онҳо/; 3. Таҳқиқи татбиқии рубоиҳои Хаём бо рубоиҳои шоирони дигар;
24 4. Истифодаи равишҳои оморӣ ва компютерии таҳкиқ".
Баррасиҳо нишон медиҳанд, ки доираи ин равиши ҷомеъро боз ҳам вусъат додан мумкин аст. Аз ҷумла ба равишҳои мазкур шинохти шахсият, муҳит ва афкору андешаҳои илмии Хаёмро дар рисолаҳояш ва бозтоби онҳоро дар рубоиҳои асили ў метавон илова кард, ки истифодаи якҷояи онҳо натиҷаи хубе хоҳад дод. Вале чунон ки зикр шуд, шахсият ва афкори илмӣ, ба хусус фалсафаи Хайём ҳанўз ҳарҷониба таҳқиқ нашудааст. Яке аз донишмандоне, ки ба ин масъала бештар таваҷҷўҳ кардааст, Алии Даштӣ мебошад. Ў пеш аз ҳама Хайёмро чун донишманди маъруфи соҳаҳои риёзӣ, нуҷум, фалсафа, адабиёт, тафсир, ҳадис ба қалам дода, сипас ба баъзе ҷанбаҳои шахсияти вай ишора мекунад. Аз ҷумла ў Хайёмро шахси камҳарфу фурўтан меномад: "Ин марди камҳарфи муваққар ба фазоиле ороста аст, ки хоҳ нохоҳ боиси ҷалби эҳтиром аст, афзунталаб нест, ба мақому ҷоҳ валаъе надорад, ба зиндагии сода ва ҳадди аққали маишат сохта аст ва аз ҳар чизе, ки ўро аз
25 доираи эътидол берун кунад, мепарҳезад..."
Хеле кам рубоӣ навиштани Хайём ва сурудаҳои худро пинҳон доштани ў бешубҳа аз хислатҳои мазкур маншаъ мегиранд. Ҳамчунин, тавре ки худи Хайём дар рисолаҳои мухтасараш ишора кардааст, муҳити номусоид имкон намедод, ки ў андешаҳои амиқи худро дар рисолаҳо ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё