Равзанаи адаб

Барои он ки боз як ҷиҳати услуби саҳли мумтанеъи Фаррухӣ равшан гардад, бояд ба таркиби калимаҳои байти мазкур диққат дод.
Дар ин масъала низ дар байт симметрия ҳукмрон буда, дар ҳар чаҳор қисмати байт аввал пуркунанда сипас мубтадо омадааст. Аз рўи қоидаи грамматикаи забони тоҷикӣ асосан мубтадо дар ҷои аввал, хабар дар охир ва пуркунанда пеш аз хабар меояд. Дар шеър бошад ин тартиб қатъӣ набуда, ба тақозои қоидаҳои дохилии худи шеър тағйиру табдил ёфта метавонад. Дар байти мазкур низ тартиби ғайримуқаррарӣ безарурат набуда, бори эмотсионалиеро мекашад. Шоир пеш аз ҳама бо ин роҳ тавонистааст, шиддати эҳсосу ҳаяҷони тарабангезашро ифода намояд. Аз тарафи дигар шоир он калимаҳоеро дар аввал зикр кардааст, ки бори мундариҷаи шеър бар дўши онҳост. Зеро чунон ки маълум аст, мазмуни шеъри лирикиро пеш аз ҳама на тасвири зоҳирии объектҳо, балки андешаву эҳсосоте дар бар мегирад, ки дар асоси онҳо ба вуҷуд меояд. Бинобар ин агар аъзоҳои ҷумлаи он байтро аз рўи қоидаи грамматикаи забон ҷойгузорӣ кунем, байт таъсири эмотсионалӣ ва умуман шеърияти худро гум мекунад:
Ҷаҳон ба ин хуррамӣ, баҳор ба ин тозагӣ,
Шароб ба ин равшанӣ, нигор ба ин некўӣ…
Ниҳоят бояд дид, ки шоир аз имкониятҳои вазни арўз чӣ истифодае кардааст. Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки баҳри тағаззули мазкур аз ҷумлаи баҳрҳои нодири вазни шеъри тоҷикиву форсӣ мебошад. Вазни тағаззул, ки ба баҳри тавили мусаммани мақбуз мувофиқ меояд (V - - / V
– V - / V - - / V – V -), аз баҳрҳои хоси назми араб буда, дар он хеле серистеъмол аст. Пас саволе ба миён меояд, ки Фаррухӣ бо чӣ мақсад аз ин баҳри хеле камистеъмоли назми форсу тоҷик истифода бурдааст ва мабодо ин як таҷриба ва ё санҷиши маҳорат дар истеъмоли баҳрҳои хоси шеъри арабӣ набошад?
Аз мулоҳизоти болоӣ маълум гардид, ки қариб ҳамаи унсурҳои сохту шакли тағаззул бо мундариҷаи он сахт вобастаанд. Ба назари мо барои ҷавоб пайдо кардан ба саволи мазкур низ вобастагии мазмуну мундариҷаи шеърро бо вазн бояд ба эътибор гирифт. Ҳамон навъе ки маълум аст, дар қасидаву ғазал байт одатан дорои як маъниву фикри томе мебошад, ки дар алоҳидагӣ ҳам аз он матлабе ҳосил мешавад. Ин хусусият бошад дар байтҳои ин тағаззул ба назар намерасад ва маънии ҳар байтро на танҳо дар якҷоягӣ бо байти дигар фаҳмидан мумкин аст, балки ҳар байти тоқ дар алоҳидагӣ ҷузъи аввали ҷумлаи мураккабро мемонад, ки ҷузъҳои дуюми он дар байтҳои ҷуфт ҷойгир шудаанд. Ба ин минвол ифодаи ин фикру маънӣ дар шеъри мазкур асосан дар ду байт сурат мегирад. Ин ҳолат ба оҳангу интонатсияи шеър низ таъсир мерасонад ва бо як оҳанги бефосила хондани ду байтро талаб менамояд.
Барои адои ин вазифа баҳри тавил, ки илова бар наздик будани таносуби ҳиҷоҳои кўтоҳу дарози он миқдори рукнҳоро ҳам дар мисраъ аз ҳадди муқаррарӣ бештар овардан мумкин аст, хеле муносиб мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё