Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муҳаққидони мазкур дар тардиди баъзе рубоиҳои мансуб ба Ибни Сино мазмуну мундариҷа ва арзиши ҳунарӣ ё худ фасоҳату балоғати баёнро меъёр қарор додаанд. Аз ҷумла Ё.Э.Бертелс таъкид менамояд, ки «мавзўи асосии ҳамон ин рубоиҳо эътирофи нотавонии хиради инсон дар муқобили асрори табиат мебошад.
Чунин мавзўъ ба рубоиҳои Умари Хайём хос аст, вале ба ақидаи дар осори илмиаш баён кардаи Ибни Сино комилан мухолиф аст.
Барои Ибни Сино хиради инсон ҳадде надорад, аз тариқи тафаккури мантиқӣ ҳама чизро, ҳатто моҳияти Худовандро метавон дарк кард». Аввалан дуруст аст, ки дар осори ҳар шоир мавзўи хосе мақоми асосӣ дорад, вале шеър зодаи ҳолатҳои гуногуни равониии шоир аст ва дар ашъори шоирон мавзўъ ва матолиби мутаззодро метавон мушоҳида кард. Сониян дар рубоии машҳури «Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зўҳал» ки мансубияти онро ба Ибни Сино касе рад накардааст ва баъдтар мавриди таҳлил қарор хоҳем дод, нотавонии хиради инсон дар муқобили марг баён шудааст.
М.Шариф ва Саидсидиқи Гавҳарин сустии баъзе шеърҳоро аз лиҳози бадеӣ далели осори Ибни Сино набудани онҳо донистаанд. Ба назари мо ба осори бадеии Ибни Сино ва ҳамчунин ба рубоиёти Умари Хайём набояд аз меъёрҳои фасоҳату балоғат арзёбӣ кард. Зеро онҳо амсоли Рўдакиву Фирдавсӣ ё Унсуриву Фаррухӣ шоирони ҳирфаӣ набуданд ва тавре ки гуфтем, ҳадафашон аз таълифи чанд шеър асосан баёни андеша ё нуктаи фалсафӣ ва ҳатто илмӣ будааст, ки ироаи онҳо дар осори илмиашон нораво, ноҷо ва ё ғайриимкон будааст. Бинобар ин ба ҷои фасоҳату малоҳат бояд ба муҳтавои ашъори онон таваҷҷўҳ кард. Барои мисол рубоии зерин, ки дар «Равзатулҷинон» ба Ибни Сино нисбат дода шудааст, дар воқеъ аз ўст. Зеро муҳтавои он аз матлаби илмӣ иборат аст, ҳарчанд аз лиҳози сабку забон хеле сусту дурушт буда, малоҳату фасоҳате надорад ва равшан аст, ки онро на шоири ҳирфаӣ, балки олим гуфтааст:

Самъу басар асту шамму завқ асту масос,
Маҷмўи ҳавоси зоҳир, эй мўъҷази нос.
Пас муштарака, мухайяла, фикрату ваҳм,
Бо ҳофиза дон ту панҷ ботин зи ҳавос.
Ҳумой гардад, агар ҷуръае бинўшад бақ.
Чу дарчакад ба миёни қадаҳ зи ҳалқи сабўҳ,

Инсоне, ки Ибни Сино дар ашъораш сутудааст, инсони мушаххаси замон аст, ҳарчанд ба ному амсоли онҳо чун дар мадҳияҳои қасидасароёни давр ишора нашудааст. Дар қитъае ў бо таассуф ёдовар мешавад, ки дар замона одамони нек, ба хусус шахсони саховатманд кам мешаванду одамони бад зиёданд:
Ҳазор шахси карим аз вуҷуд шуд ба адам,

пешина
аз 625
навбатӣ