Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аввалан, чунон ки муҳаққиқони Шоҳнома ҳам таъкид кардаанд, дар достон сарнавишту тақдир нақши муҳим дошта, кушта шудани Сўҳроб низ бар асари ногузири он сурат гирифтааст.
Сониян, ба назари мо, ин фоҷиа аз тазодҳои шахсияти Рустам сар задааст. Чунон ки дар мавридаш хоҳем дид, Рустам бо ҳама бузургию хислатҳои ҳамида аз норасоиҳо холӣ набуд. Ў дар баробари ҷанги одилона барои ҳифзи ватан, гоҳо хуни ноҳақ ҳам рехтааст ва ба харобкорӣ роҳ додааст. Бинобар ин фоҷиаи мазкурро метавон зуҳури мукофоти амал донист, ки ба он низ Фирдавсӣ эътиқод доштааст.
Дигар ин ки матлаби Фирдавсӣ дар Шоҳнома фақат қиссапардозиву фасонагўӣ набудааст ва кулли тасвирҳои ў бо замонаш пайвастагӣ дорад. Агар аз ин нигоҳ ба фоҷиаи мазкур нигарем, миёни он ва вазъи давлати Сомониён шабоҳатеро дидан мумкин аст. Вақте ки Фирдавсӣ ба таълифи фоҷиаи Рустаму Сўҳроб машғул буд, давлати пуриқтидори Сомониён рў ба завол мениҳод ва яке аз омилҳои он ҷудоиву ихтилофи дохилии ҳокимон ва ҳатто аркони давлат буд. Аз эҳтимол дур нест, ки фоҷеаи Рустам ва Сўҳроб ҳам яке аз он рамзҳои Фирдавсӣ дар Шоҳнома аст.
Ҳамин тавр дар Шоҳнома хирад дар муқобили ҷанг қарор дода шудаст. Шахси хирадманд ҳамеша на ба ҷангу хунрезӣ, балки ба сулҳу накўкорӣ майл мекунад. Фирдавсӣ дар мисоли ду бародари тўронӣ Ағрирасу Афросиёб ин матлабро хеле барҷаста ифода намудааст. Ағрираси хирадманду накўкор ҳам бо амали хайрхоҳонааш ва ҳам бо тавсиаву роҳнамоиҳо ҳамаро ба некӣ даъват мекунад. Бар хилофи ў Афросиёб аз хирад дур аст ва ҳамеша дар андешаи ҷангу хунрезист:

Яке пур зи оташ, яке пурхирад,
Хирад бар сари дев кай дарх(в)арад.

Ағрирас то охири умр саъй мекунад, ки бародари камхиради худро ба роҳи рости ҳаёт раҳнамун созад.
Фирдавсӣ тавассути симои Ағрирас яке аз василаҳои муҳимми пешгирии ҷанг будани хирад ва хирадмандиро нишон додааст. Шоир таъкид мекунад, ки шахси хирадманд ҳеҷ гоҳ ҷангҷўй нест. Хираду ҷанг бо ҳам созиш надоранд. Ҷое, ки кинаву ҷанг аст, хирад рахт мебандад. Ағрирас ҳам сарлашкар аст, вале бар хилофи аксари лашкаркашони дигар соҳибхираду некхоҳ аст.
Ў дар ҳар маврид роҳи сулҳу осоишро пеш мегирад. Ҳангоме, ки

пешина
аз 625
навбатӣ