ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

ОБУТОБДИҲИИ БАДАН
Таълим дар мактаб ба хонанда на танҳо дониш медиҳад, балки қобилияти ҷисмонӣ ва фикрии онҳоро ба низом медарорад ва барои рушдёбии хотира, тафаккур, ирода ва эҳсосот замина фароҳам меорад.
Барои бардаму солим будан ҳар як одам баданашро бояд обутоб диҳад. Бадане, ки обутоб ёфтааст, ба тағйироти гирду атроф, масалан, пасту баланд шудани ҳарорати обу ҳаво тез мутобиқ мешавад. Чунин одамон кам бемор мешаванд.
Баъди иҷрои корҳои ҷисмонӣ ва зеҳнӣ одам бояд ҳатман 5-10 дақиқа танаффус кунад. Барои мўътадил фаъолият намудан зарурияти обутобдиҳии бадан ба миён меояд. Баъди иҷрои машқҳои пагоҳирўзӣ оббозӣ кардан, дар ҳавои тоза гаштан, дар фасли тобистон қабули нурҳои офтоб, ки барои пўсти инсон фоидабахш аст ва аз бемориҳои шамолхўрӣ эмин нигоҳ медорад, воситаҳои муҳими обутоби бадан буда, қобилияти кории инсонро ташаккул медиҳад.
Офтоб ва об омилҳои муҳими обутоби бадананд.
Организм ба таъсири нури офтоб ва об бояд оҳиста-оҳиста одат намояд. Нурҳои офтобро баъди 1,5-2 соати хўрокхўрӣ қабул мекунанд ва он бори аввал аз 5 дақиқа зиёд нашавад.
Минбаъд давомнокии онро 1-2 дақиқа зиёд карда, ба 45 дақиқа мерасонанд. Агар меъёр риоя нагардад, вай метавонад ба организм зарар орад (пўстро месўзонад).
Бо об пухта кардани бадан низ қоидаҳои худро дорад.
Дар рўзҳои аввал пас аз машқҳои пагоҳирўзӣ сачоқро ба оби ҳарораташ муътадил тар намуда, тамоми баданро пок мекунанд. Баъдтар барои ин кор оби ҳарорати пасттарро истифода мебаранд. Ҳарорати об дар ибтидо бояд ширгарм ва баъдтар тадриҷан хунук карда шавад.
Агар одам хасташавиро ҳис кунад, метавонад рўйашро бо оби хунук шўяд ва дам гирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё