НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон
Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд
БА МУАЛЛИМ
Муаллими меҳрубон,
Меҳратон дар дилу ҷон,
Шафқату меҳру эҳсон,
Мо аз Шумо омўхтем.
Хурду калонро мудом
Менамоем эҳтиром,
Маънии лутфу калом
Мо аз Шумо омўхтем.
Навиштану хонданро,
Таронаи Ватанро,
Ба вай содиқ буданро
Мо аз Шумо омўхтем.
Аксатон пеши назар,
Бошад мудом ҷилвагар,
Ҳурмати насли башар
Мо аз Шумо омўхтем.
МУРАББИИ МО
Мунису ғамхор
Монанди модар,
Кунад истиқбол
Моро ҳар саҳар –
Мураббии мо,
Мураббии мо.
Хурсандем аз ў,
Бар мост доим,
Аз кору одоб
Медиҳад таълим –
Мураббии мо,
Мураббии мо.
Ҳамдаму ҳамроз,
Вай одами хуб.
Наздик ба дилҳо
Бисёр маҳбуб –
Мураббии мо,
Мураббии мо.
МУРАББӢ-ХОЛА
Чун модари меҳрубон,
Дорад меҳри фурўзон,
Маҳбуби хурду калон –
Мураббӣ-холаи мо,
Мураббӣ-холаи мо!
Сухани ў ширин аст,
Қанду асал барин аст.
Ба дидаҳо қарин аст –
Мураббӣ-холаи мо,
Мураббӣ-холаи мо!
Ба холаи меҳрубон
Муҳаббати мо калон,
Азиз баробари ҷон –
Мураббӣ-холаи мо,
Мураббӣ-холаи мо!
Мунису ғамхор аст,
Мекунад кори накў.
Ифтихори Ману ту –
Мураббӣ-холаи мо,
Мураббӣ-холаи мо!
МОМОҶОНИ МО
Момоҷони ширинам,
Қанду набот баринам,
Шумо ба мо ягона,
Нури чароғи хона.
Шодии рўзгоред,
Пешравии коред,
Момоҷони хушрўям,
Момои нуқрамўям.
Шумо кони афсона,
Кони байту тарона,
Дар зери паҳлўятон
Болин монам, момоҷон.
Шумо афсона гўед,
Шеъру тарона гўед.
Ман онҳоро аз як сар
Менависам ба дафтар.
БА НОМИ ОЧАҶОНАМ
Очаҷони ҷони ман,
Хуршеди тобони ман,
Меҳри Шумо доимо
Дар дили ҷўшони ман.
Очаи меҳрубонам,
Азизтаред аз ҷонам.
Ҳаёти ширинамро
Ман аз Шумо медонам.
Барои зеби диёр
Месозам боғи бисёр.
Қад-қади роҳи калон
Мешинонам ман чинор.
Ҳар ниҳоле шинонам,
Ҳар гулеро сабзонам,
Ман аз рўи эҳтиром
Ба номатон мемонам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё