НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон
Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд
ЧАРОҒҲОИ ГУНОГУН
ВАТАНАМ
Ватанам – хонаи пурнури ман аст,
Ватанам – қуввати ман, зeри ман аст.
Ватанам – тахтаи гаҳвора бувад,
Ватанам – киштии «Аврора» бувад.
Ватанам – модари ғамхори ман аст,
Деҳи шодоби пуранвори ман аст.
Ватанам – санги сари кўҳи Ҳисор,
Ватанам – сабзаи навхези баҳор.
Бозаму кўҳ бувад лонаи ман,
Сари кишту лаби ҷў хонаи ман.
Ватанам – хору хасу обу замин,
Ками он дар назарам кўҳ барин.
Ҳар чӣ дорад Ватанам, з-они ман аст,
Ватанам – ҳастии ман, xони ман аст.
Хаси онро ба зари кас надиҳам,
Нафасе бе Ватанам ман назиҳам.
МОДАРИ МАН
( Суруд)
Модари ман ҷони ман,
Қуввату дармони ман,
Боиси даврони ман,
Мўнису ғамхори ман,
Меҳри шарарбори ман.
Рўи ту мисли анор,
Ҳусни базеби баҳор,
Дорӣ дили беқарор,
Модари ғамхори ман,
Меҳри шарарбори ман.
Ҳар гапи ту ширин аст,
Мазмуни он рангин аст.
Қанду асал барин аст,
Модари ғамхори ман,
Меҳри шарарбори ман.
Панди ту дар ҳуши ман,
Ҳалқаи ду гўши ман,
Зиндагии хуши ман,
Модари ғамхори ман,
Меҳри шарарбори ман.
ОҒӮШ КУШО
Эй мактаби маҳбуби мо,
Озодаву матлуби мо,
Ҳоло зи таътил омадем,
Аз нав ба таҳсил омадем.
Мо дар деҳи хуррам будем,
Бо дўстон ҳамдам будем.
Бо ҷўраҳо дар кўҳу дашт,
Кардем агарчи сайругашт.
Ту дар хаёли мо будӣ,
Зебову дилоро будӣ.
Оғўши худ бар мо кушо,
Дорем хеле тўҳфаҳо.
Вертолёти мо базеб,
Парвоз бинмояд аҷиб.
Аз меваи кўҳӣ ҳамел
Кардем баҳрат хел-хел.
Тухми гияҳ ғун кардаем,
Гербария овардаем,
Бар мо намо оғўш во,
Зебат диҳем аз тўҳфаҳо.
БАХТИ ШУКУФОН
( Суруд)
Ҳамдами ман, ҷони ман,
Кабкаки хушхони ман.
Дастакатро ба ман деҳ,
Додари хандони ман,
Ҳар ду ба ду ба мактаб равем,
Ҳар ду ба ду ба мактаб равем,
Даври дурахшон ба мо,
Бахти шукуфон ба мо,
Мактабу илму дониш
Дода Ватанҷон ба мо,
То ки ба мактаб равем,
То ки ба мактаб равем.
Хондаву доно шавем,
Одаму бино шавем,
Дар хизмати халқи худ
То ки тавоно шавем.
Бояд ба мактаб равем,
Бояд ба мактаб равем.
МАКТАБ
Ту маъвои адабомўзии мо,
Ту ҷойи сози машқу бозии мо.
Кабутар мекунад аз лона парвоз,
Ту ҳастӣ ҷойи навпарвозии мо.
Биёмўзӣ ба мо меҳру вафоро,
Тамоми сирру асрори фазоро,
Бигирем аз ту дарси зиндагонӣ,
Бубахшӣ ту ба мо нуру сафоро.
Барору авҷи кори мо туӣ ту,
Сафои рўзгори мо туӣ ту.
Туро чун ҷони ширин дўст дорем,
Ба олам ифтихори мо туӣ ту.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё