НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон
Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд
БАРФ ВА КӮҲ
Рўзе андар сари кўҳ,
Барфе худнамоӣ кард.
Аз рўи кибру ғурур
Хеле худситоӣ кард:
–Ман зеби кўҳсорам,
Аз дур метобам сафед,
Нурафшонӣ мекунам,
Монанди моҳу хуршед.
Ҳурмати мардум афзун,
Ба ҳар кўҳи баланд аст,
Чунки дар тораш манам,
Аз ин рў дилписанд аст.
Кори кўҳ, ки буд бисёр,
Ба ў надод эътибор.
Фурўтанӣ мекардаст
Ба гапи барфак ҳар бор.
Дар рўзи навбаҳорон,
Офтоби гарму тафсон,
Баромад чун ба олам,
Намонд аз барфе нишон.
Ҳар кас кунад ман-манӣ,
Оқибаташ шавад хор.
Ҳамчун барфи сари кўҳ,
Худписандӣ чӣ даркор?
ЗИМИСТОНИ НАВБАТДОР
Барф бориду барф борид,
Зарраҳояш марворид,
Шуд дашту кўҳу саҳро,
Аз барф тамоман сафед.
Тирамоҳаки сарсахт,
Шуд аз хунукӣ карахт.
Монда ҳама зери барф
Кўчаву долу дарахт.
Тирамоҳи бемадор
Дар зери барфи бисёр.
Вақте хобид, ба ҷояш
Зимистон шуд навбатдор.
МАҚСАДИ ХУБ
Таътили мо буд як саҳар,
Бо рухсати мому падар,
Ҳамроҳи Собир тўшаро
Бинмуда андар халта ҷо.
Бар китфамон тиру камон,
Гаштем бар саҳро равон.
Дар пуштаи кўҳи Ҳисор
Бо мақсади сайру шикор.
Аз даштҳои сарбаланд,
Аз рўйи шахҳои баланд,
Аз марғзорони кабуд,
Аз зову ҷар, сою камар,
Кардем бо шодӣ гузар…
Бар ҷангали домони кўҳ,
Бар қуллаҳои бошукўҳ,
Аз пушти як санги сиёҳ
Боре чу ман аз пайкҷо
Кардам нигоҳ бо дурбин.
Шуд дур ба чашмам қарин.
Дидам ба ногаҳ ҷонваре,
Афтида поён аз ҷарӣ.
Сар бар замин бинҳода буд,
Оҳиста нолиш менамуд.
Гуфтам ба Собир: «Барра аст,
Дар саргаҳи ин дара аст».
Партофта тиру камон,
Ман зуд рафтам назди он,
Оғўш кардам барраро,
Он барраи бечораро.
Гуфтам ба Собир:
–Ҷўраҷон,
Ин барра аз колхозамон.
Аз тори шах афтидааст,
Озори беҳад дидааст.
Пойи чапаш захмин шудаст,
Роҳрафтани он қин шудаст.
Ёбем бояд рамаро,
Бидҳем бар чўпон варо,
Ҳар ду варо бардошта,
Андар бағал бигзошта,
Чақ-чақкунон пешу қафо
Оҳиста мерафтем мо.
Он барра чарбудор буд,
З-он роҳравӣ душвор буд.
Бигзашта мо аз зову хам,
Дар ҳар қадам бигрифта дам,
Аз чоштгоҳ то вақти шом
Додем роҳи худ давом.
Як раммаеро ногаҳон
Аз дур дидем он замон.
Буд аз паси вай ду ҷавон
Теғу дирафш андар миён.
Сафкаш бузи гарданкабуд,
Шохаш аҷибу хушнамуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё