НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон
Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд
БОБОҶОНИ МО
(Ба Мирзо Турсунзода)
Мирзоҷони мо,
Бобоҷони мо,
Шоири маҳбуб,
Дилу ҷони мо.
Ашъори туро
Олам медонад,
Қиссаи туро,
Ҳама мехонад.
Кўдаке дидӣ,
Бо қуттие буд,
Дар лаби баҳре,
Тақдираш чӣ шуд?
Маҳбуби олам,
Маҳбуби кишвар,
Ба ҷони моён
Туӣ баробар.
Бошӣ саломат,
Эй, бобои ҷон,
Мо бобо шавем,
Ту – бобокалон.
АЗ МАСКАВ ЧӢ МЕОРЕД?
(Ба нависандаи маҳбуб Ҷалол Икромӣ)
Бобои мо, бобои мо,
Бобои дилдарёи мо.
«Шодӣ» бувад авлоди мо,
Дар кишвари ободи мо. ў зиндагонӣ мекунад, ў қаҳрамонӣ мекунад.
Фирўза – фирўзи замон,
Чун модари мо меҳрубон.
Бахшандаи бахти занон,
Рахшандаи ҳар хонадон. ў зиндагонӣ мекунад, ў қаҳрамонӣ мекунад.
Бар дидаи бобо Ҷалол
Махсумсафар осудаҳол,
Сайёраи соҳибҷамол
Бо Анвари соҳибкамол, ў дарс мегўяд ба мо,
Аз меҳнату аҳду вафо.
Афтода андар тори худ,
Печида мондаст анкабуд.
Тирморҳои бепаноҳ
Рафтанд бар боди фано.
Зоғони бадмури замон
Мурданд беному нишон.
Бобои мо, бобои мо,
Маҳбуби мо, дунёи мо,
Ин дафъа Маскав меравед,
Бар мо чиҳо меоваред?
Чун тўҳфаи қиматбаҳо,
Оред асар нав-нав ба мо.
Дар ҷашни ҳафтоди Шумо
Бар хонаи шоди Шумо,
Меҳмони раҳдурӣ биёд,
Ойими танбўрӣ биёд.
Дар тўятон бозӣ кунем,
Рақсему дилшодӣ кунем.
БА ГУЛЧЕҲРА СУЛАЙМОНОВА
Бибии мо Гулчеҳра,
Гулчеҳраи шоира.
Аз роҳи дур меояд,
Бо дили пур меояд.
Дар шаҳри Мултон будаст,
Дар Хоҷа Мастон будаст.
Аз сўи боғ меояд,
Аз Сичароғ меояд. ў «Себи хубон» дорад,
«Шаддаи марҷон» дорад.
Бибии панҷоҳсола
Ба Наргису ба Лола
«Ду бехи олу» овард,
Олуи хушбў овард.
Дар вақти «Борон» овард,
Ба сўи ҳолмон овард.
«Имрўз ид»-и бибиҷон,
Меоянд ёру дўстон.
Холаи зардўз омад,
Деҳқон – Фаромўз омад.
Дурдона ҳам меояд,
Мадина ҳам меояд.
«Чархи фалак» равон шуд,
Аспу шутур давон шуд.
«Чил кокули бозингар»,
Чил духтари тўйхабар
Яксара рақсон шуданд,
Шеъру ғазалхон шуданд
Тўйи калон муборак,
Аз дилу ҷон муборак!
НЎЪМОН РОЗИҚ
ЧИЛЧАШМА ДАР
ЧИЛЧАНОР
ОБИГАРМ
Андар Обигарм
Чашма бешумор,
Фаввора занад,
Чашмаи қатор.
Дуд барояд,
Гўё аз алав,
Чашма меҷўшад
Чун деги палав.
Ҳар чашма ин ҷо
Сад ҳунар дорад,
Ҳар қатра обаш
Сад асар дорад.
Намешавад сард
Оби Обигарм
Шифобахши дард
Оби Обигарм.
ДАР ЧИЛЧАШМА
Дар Чилчашма чор чинор
Сабзу хуррам чун баҳор.
Чил чашма мебарояд
Аз зери ин чор чанор.
Чилчашма аз моҳӣ пур,
Метобад мисли булўр.
Ширмоҳӣ бача мондаст,
Дар лаби кўли чуқур.
Моҳиҳои бозингар,
Моҳиҳои ҷилвагар.
Бозикунон мегарданд
Чашмаҳоро саросар.
Ба моҳиҳои калон,
Ба бачаҳои онон,
Ба гулмоҳии зебо
Реза карда додам нон.
Ҷамъ омада моҳиҳо,
Хўрданд нонрезаро,
Бо даҳони боз хомўш
«Ташаккур» – гуфтанд ба мо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё