Зеҳн
НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон

Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд

Кӯдакон
Аз аввал хондан

ЛОНА

Болғаю меху анбўр,

Арраю табар дорам.

Асбобҳои ман бисёр,

Устои пухтакорам.

Тахтаҳоро ба ранда

Суфта кардаму ҳамвор,

Ҳамчун устои гулдаст.

Як лона кардам тайёр.

Дар навдаи зардолу

Мондам лонаи худро.

Фирри парида омад

Дуто чумчуқи зебо.

Дар лонаи гарми худ

Чумчуқҳо лона монданд.

Чумчуқчаҳои зебо

Офарин маро хонданд.

НЎЪМОН РОЗИҚ

ФАЙЗИ БАҲОР

ФАЙЗИ ДИГАР ОМАД

Баҳори гулбасар омад,

Саҳар файзи дигар омад.

Зи дашту води сархез,

Навиде дар ба дар омад.

Даруни ҳота мушкомез,

Суруди сор шавқангез.

Бузу бузғолаҳо дар тоз,

Ба рўи сабзаи навхез.

Саҳар шабнам дурахшон аст,

Ба сони дурру марҷон аст.

Ба сабзиш ғунчаҳои нав,

Ба ҷў оби фаровон аст.

Биё, бо мо, биё, бо мо,

Ба сайри домани саҳро.

Чинем гулҳои худрўид,

Барем савғо ба модарҳо!

ҚАТРАИ БОРОН

Абр омаду борон шуд,

Дашту даман алвон шуд.

Зад майсаи гандум неш,

Осоиши деҳқон шуд.

Ҳар қатраҳаки борон,

Бар сабзаи тар ғалтон,

Монандаи марҷон аст,

Бар дидаи мо рахшон.

Ҳар қатраи бороне

Ҳар шаддаи марҷоне,

Нармак ба замин афтад,

Боиси фаровонӣ.

Борони мулоим бор,

Ҳар қатраи ту даркор.

Бар киштаву бар полиз

Оҳиставу сим-сим бор.

РЕЗАБОРОН

Резаборон меборад,

Аз новаҳо мешорад,

Бар сабзаҳои навхез,

Резаборон мефорад.

Ҷаву гандум майса шуд,

Саҳро аз он кап-кабуд.

Аз борони майдабор

Дилҳо мегардад хушнуд.

Зеби баҳор борон аст.

Тирукамон аз он аст.

Ҳавои баъди борон

Форам ба ҷисму ҷон аст.

ФАСЛИ ФАРОВОНӢ

Тобистони тилоӣ,

Тобистони пурсахо.

Файзу неъмати бисёр,

Овардаӣ баҳри мо.

Меваҳои гуногун

Рангибаранг мепазанд,

Яхбандаку мармиҷон

Дар бехи санг мепазанд.

Ангурҳои рангоранг

Мускату ҷавзи ширин

Аз хавоза метобад,

Дурру марворид барин.

Мавҷи хўшаи гандум

Дидаҳоро мебарад.

Саховати тобистон,

Ризқу рўзӣ меорад.

Бубин ниҳоли пахта,

Монанди ғунча хандон.

Хирвори зар аз он аст,

Бахти накўи деҳқон.

Мо мева ҷамъ мекунем,

Эй тобистони заррин,

Фаровонӣ кори туст,

Ба ҳимматат офарин!

ТИРАМОҲИ ТАНГАПОШ

Дар боғ аз таги санҷид

Дар кўча аз таги бед,

Аз зери шохи чанор,

Ё аз таги сафедор.

Гузар кунам ҳар замон.

Резад барги дарахтон.

Тирамоҳи зарнисор,

Хазиначии баҳор,

Гўё рўзи тўй бошад,

Бар сар танга мепошад.

КУҶО РАФТ ОФТОБАК?

Офтобаки зарринрў,

Офтобаки зарринмў,

Куҷо рафту куҷо шуд?

Чаро пинҳон аз мо шуд.

Ё ҷомаи ў тунук?

Ё ки тарсад аз унук?

Села-села аз ҳар сў

Абрҳо омад ҷойи ў.

Пўстинҳошон афшонданд,

Барфи бисёр боронданд.

Ҳавзу ҷўйбор ях бубаст,

Шохи бед қариб шикаст.

Фасли зимистон омад,

Ба ҳавлимон даромад.

Биё, барфбозӣ кунем,

Одамчасозӣ кунем!

пешина
аз 32
навбатӣ