ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Боз ҳам печутоби роки андирул,
Боз ҳам атру сигору алкул.
Нимашаб шуд,
Парасту ғамин аст,
Дар камин аст.
То чӣ гӯяд Маҷидӣ,
Зери лаб бо пулис.
Маҷидӣ:
Рӯйи искала,
Ҳаракат додани балами онҳо,
Ба уҳдаи ман,
Панҷоҳ метр дуртар,
Шиллики тир аз қоиқи дигар.
Бо амри шумо
Биравем, оқо.
Парасту зору дилхун з-ин хабар шуд,
Ниҳон аз чашмҳо берун зи дар шуд.
7
Парасту медавад дар ҷангали шаб,
Парасту хашмгину беқарор аст.
Парасту пуршарор аст.
Сари роҳаш дарахтони сияҳпӯш,
Азо доранду хомӯш.
Ба зорӣ мурғи шаб мегӯяд аз дур:
Нарав, эй духтари ошуфта дер аст,
Ки ёрат дар дили дарё асир аст.
Нарав танҳо шаби мудҳиш сиёҳ аст,
Нарав соҳил, ки соҳил қатлгоҳ аст.
Парасту мепарад бо боли ҷонаш,
Тазарвашро магар бахшад раҳоӣ,
Наҷоти ӯст танҳо ормонаш.
Парасту мерасад бар соҳили рӯд,
Талотум карда Коруни кафолуд.
Хурӯшад мавҷи шаб аз ғурриши тир,
Ба гӯш ояд ба бонги боди шабгир,
Садои охирин фарёди инсон,
Балам кам-кам шавад дар об пинҳон.:
Парасту бо пари хунин лаби рӯд,
Парасту:
Тазарви меҳрубон,
Бидруд.
Бидруд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё