Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ман Жолаи шикастадилам, дида боз кун,
Бингар чӣ гуна гиря бувад бе ту кори ман?
Меҳри маро магар ту фаромӯш кардаӣ,
К-ин сон напурсӣ аз ману аз ҳоли зори ман?
Оре, ту дида баставу ором хуфтаӣ,
Осудаӣ зи меҳнату шӯру шарори ман.
Фарёди ман ба гӯши ту ҳаргиз намерасад,
Хуш фориғӣ зи дарди дили беқарори ман.
Ҷони ту шоду рӯҳи ту мурғи биҳишт бод,
Ҳамвора бод ҳофизи ту Кирдгори ман.
ГУЗАР КАРД АЗ ЧАМАН
Гузар кард аз чаман боде дилангез,
Гуле лабханд зад дар бӯстоне.
Гиёҳе сабз шуд бар тарфи ҷӯе,
Ғазалхон гашт мурғи нағмахоне.
Саҳагоҳе ба гулзоре вазон шуд,
Насими дилкаши анбарфишоне.
Баҳоре навгуле хандиду пар шуд,
Дигаргун шуд зи маргаш гулситоне.
Зи ҳасрат хотире афсурда гардид,
Зи ғам пажмурда шуд рӯҳи ҷавоне.
Диле пурорзу аз дард хун шуд,
Равон шуд сели хун аз дидагоне.
Ба чашме нилгун ашке дурахшид,
Фурӯ шуд Жолае аз осмоне.
Аҷаб набвад агар дар сина дорам,
Кунун аз дарду ғам оташфишоне.
БЕВАФОИИ МАРД
Як шаб зи рӯзгори ҷудоӣ сиёҳтар,
Дидам зане зи дарду маҳан кард нола сар.
Сабр аз дилам бурун шуда рафтам ба пеши ӯ,
Пурсидамаш: Туро чӣ ба мижгони пургуҳар?
Оҳе зи дил кашида сарафканда зеру гуфт:
Бигзор то ниҳон бувад ин рози ҷоншикар.
Ку марг то раҳо шавам аз ҷаври зиндагӣ?
Ҷонам ба лаб расида аз ин қалби пуршарар.

пешина
аз 263
навбатӣ