Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гоҳе шавӣ ба маҳфили ҷонон нишотбахш,
Гоҳе кунӣ ба базми ҷавонон ту шоҳкор.
Бар чеҳраат нишаста зи баҳри чӣ гарди ғам,
Бинмудаӣ барои чӣ мастурӣ ихтиёр?
Танҳо чаро ба хона нишинӣ ба фасли гул,
Бархезу рез оташам андар дили фигор?
Оғӯши ман ҳамора бувад боз баҳри ту,
Бигзор, то бигирамат, эй дӯст, дар канор.
Даст афканам ба гарданат, эй дилбари азиз,
Сарро ниҳам ба пои ту, эй ёри гулузор.
Тарфи чаман равему бихонем нағмае,
Дар пои гул даме бинишинем Жолавор.
БА ЁДИ МОДАРАМ
Бигард, эй фалаки дун, чу осиё ба сари ман,
Бисой аз ғаму меҳнат ту ҷони пуршарари ман.
Кунун, ки оташи ҳиҷрон фиканда шуъла ба ҷонам,
Бисӯз ҳар чӣ тавонӣ зи дарду ғам ҷигари ман.
Чӣ сон фасурда набошам, ки дар баҳори ҷавонӣ,
Зи тудбоди ҳаводис бирехт баргу бари ман?
Чӣ гуна нағмаи шодӣ барорам аз дили ғамгин,
Дигар мабод, ки афтад ба рӯйи кас назари ман?
Рухи азизи ту гуфтам магар ба хоб бубинам,
Дареғ, хоб нагирад ду чашми пургуҳари ман.
Равост, Жола, намоям нисори хоки раҳаш ҷон,
Ба кӯйи он маҳи маҳзун гар уфтад гузари ман.
БАРОИ МОДАРАМ
Эй модари азизи ман, эй ғамгусори ман,
Эй ахтари саодати ман в-эй баҳори ман.
Маҳбуби ман, фариштаи ман, орзуи ман,
Бӯстони ман, шукуфаи ман, лолазори ман.
Эй, он ки аз фироқи ту умрам табоҳ шуд,
Бархезу бин чӣ гуна бувад рӯзгори ман?
Бори дигар ба духтари худ кун нигоҳи меҳр,
Бори дигар зи лутф нишин дар канори ман.
Гулҳо зи хок сар ба дар овардаанд, лек
Сар зери хок бурда гули доғдори ман.

пешина
аз 263
навбатӣ