Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ШУКУФА

Ин шукуфа-ст, ин қадар зебост,
Ё ки бар шохи луълуи лолост?

Ин фурӯзанда шамъи бустон аст,
Ё дурахшанда дар дили орост?

Ин шакарханди лаъли маъшуқ аст,
Ё яке ашки ошиқи шайдост?

Ин нишонест аз ҷамоли баҳор,
Ё фурӯғе зи олами болост?

Дар миёни шукуфаҳои сапед,
Рӯйи гулгуншукуфае пайдост.

Гар набӯсида шаб фаришта рухаш,
Зи чӣ ин гуна сурхи шарму ҳаёст?

Гоҳ бо об мекунад бозӣ,
Ки дар оғӯши пур зи меҳри сабост.

Кас надонад, ки ин вуҷуди латиф,
Ошиқи кист, маҳву масти куҷост?

Чунки медонад ин сарои сипанҷ,
Хоҳу нохоҳ дар масири фаност.

Ба сари шох шод механдад,
Роҳат аз дарду фориғ аз ғами мост.

Жола, рухсори ин шукуфаи пок,
Мазҳар меҳру ёдгори вафост.

ШАФАҚ

Бар чарх назар кун шафақи сурх чӣ зебост,
Зебову дилорост,
Аз сӯзи дил пуршарараш хуб ҳувайдост,
К-афсурдаву шайдост.

То кас нашавад ошиқи инсон нахӯрад хун,
Ин хастаи маҳзун,
Маҷзуб, ки шуд, маҳв чӣ шуд, гӯшаи гардун,
Шуд волаву мафтун.

Ин мурғи ситамдидаи хунинпарубол аст,
Дар сайри камол аст,
Ин ошиқи савдозадаи маҳви ҷамол аст,
Мабҳути ҷалол аст.

Ин машъали рахшандаи пурсӯзу гудоз аст,
Ин махзани роз аст,

пешина
аз 263
навбатӣ