ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Кунӣ дар боғу бӯстон дилрабоӣ,
Рухи покизаат беранҷу дард аст.
Ба тарфи бӯстон хуш манзарӣ ту,
Ба фарқи дӯстон тоҷи зарӣ ту.
Ту он рахшанда шамъи бӯстонӣ,
Ки бошад чеҳраат шоду дурахшон.
Чу заррин гесӯи дӯшизагонӣ,
Ки аз боди сабо гардад парешон.
Ту чун ашки ятимон тобнокӣ,
Ту ҳамчун хотири ушшоқ покӣ.
Мани шӯрида, эй барги дилафрӯз,
Бад-ин шодам, ки шайдои ту бошам.
Аҷаб набвад зи ҷону дил шабу рӯз,
Агар маҳви тамошои ту бошам.
Зи дидорат дилам пурнур гардад,
Зи рӯят хотирам масрур гардад.
Рухи покизаат пайваста шод аст,
Ҳамора бар лабат лабханд дорӣ.
Маромат шодию сулҳу видод аст,
Дили ёрон зи худ хурсанд дорӣ.
Хуш он кас, к-ӯ дилеро шодмон кард,
Аз ин беҳтар чӣ коре метавон кард?
Баҳори умрро бо шодмонӣ,
Намудӣ тай дар ин бӯстони зебо.
Ту ширин меваҳои зиндагонӣ,
Ба коми мардумон кардӣ гуворо.
Ба ҳар кас рӯй зад эҳсон намудӣ,
Ту худро вақфи ину он намудӣ.
Ба пирӣ ин замон, эй барги заррин,
Фурӯзон ҳамчу Моҳи осмонӣ.
Чӣ хурсандӣ туро бошад беҳ аз ин,
Ки роҳатбахши ҷони дӯстонӣ.
Ҷавонӣ гар ба шодӣ сарф гардад,
Ба пирӣ гунаҳо шангарф гардад.
Шабе боди хунук ояд ба сӯят,
Ба гӯшат аз табиат роз гӯяд.
Бибӯсад Жолае бо ашки рӯят,
Видоъи охиринро боз гӯяд.
Занад бар чеҳраат лабханд даврон,
Расад афсонаи умрат ба поён.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё