Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бар сабзаҳо шавад хам,
Бархезу кун ту дилро
Хонатаконӣ аз ғам.

Бигшо даричаҳоро,
Ин ҷашни рӯзгор аст.
Нерӯи нав гирифтан,
Ойини навбаҳор аст.

АЗ МАҶМӮАИ «НАҚШИ ҶАҲОН»

БАШОРАТ

Чу корвони сапеди ситораҳои саҳар,
Кунад гузар зи раҳи дури дашти нилуфар.
Башорат оварад аз нури офтоби баланд,
Ки бо талеъаи худ рӯзи нав кунад оғоз
Ва бо саховату гармии ҳастиовари хеш,
Ба шодмонию андуҳи мо занад лабханд.
Ва ин моем
Ба дарду орзуи хурди хештан побанд,
Аз он ҳама азмат дур,
Чунон саргарм,
Чунон мағрур,
Ки дар ҳаёҳуи ҳастӣ намекунем эҳсос,
Даруни синаи мо як паранда мехонад,
Даруни синаи мо як ситора мерақсад,
Даруни синаи мо шуълае фурӯзон аст,
Ки пурфурӯғтар аз Офтоби сӯзон аст.

ДЕҲҚОНИ ЭРОН

Ба шодии ту, эй деҳқони Эрон, навбаҳор омад,
Дарахти орзумандӣ ба бор омад.
Ту садҳо сол асири худъаи бедодгар будӣ,
Ситамкаш, барзгар будӣ,
Ки пеш аз Офтоб аз хоби ширин мешудӣ бедор,
Саросема ба саҳро медавидӣ бо ғами бисёр,
Зи ашки кӯдакони худ,
Заминро об медодӣ.
Ба бетобӣ,
Ба заррин зулфи гандум тоб медодӣ,
Ки мезад бар сарат фарёд.
Инони сарнавиштат дар кафи ҷаллод,
Ғамат з-андоза берун буд
Ва доси интиқомат ташнаи хун буд.

Кунун деҳқони Эрон!
Рӯзи озодиву ҳушёрист,
Миёни шаҳру деҳ пайванди ҳамразмию ҳамкорист.
Ту соҳибхонаӣ
Хоки Ватан аз ту,
Замину обу саҳрову чаман аз ту,
Нигаҳдориву навсозии ин марзи куҳан аз ту,

пешина
аз 263
навбатӣ