Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба ғайри ҳасрати пурхашму орзуй махоҳ.
Гиёҳи ваҳшии кӯҳам дар интизори баҳор,
Маро навозишу гармӣ ба гиря меорад,
Маро ба гиря маёр...

ҲАМОСАИ КУБО

Ватан, ё марг!

Федал Костру

Ҷаҳон шуда бедор,
Шикаст шишаи сиёҳи истеъмор,
Ватан, ё марг!
Барои мардуми дунё суруду савганд аст,
Ба ҷустуҷӯи раҳоист ҳар кӣ дар банд аст.

Ватан, ё марг!
Нидои имрӯзист,
Набарди ҳаққу адолат, набарди пирӯзист.

Башар зи зӯри ситамгар дигар надорад бим,
Дигар ба заҷри асорат намешавад таслим,
Чу роҳи чораи ӯ интиқому исён аст.
Ватан
Ва зиндагии хуб
Ҳаққи инсон аст.

БА ПОБЛУ НЕРУДО

Шитоби рафтанашро чун кунам бовар,
Ки побарҷой кӯҳе буд?
Дар оташҳои жарфои замин пояш,
Сараш ба домани хуршед,
Нидояш бонги озодӣ,
Шеъраш нағмаи уммед.

Ва ӯ худ ҳамчу озодиву уммед аст ҷовидон.

БОЗГАШТ

Кӯча ҳамон кӯча асту шаҳр ҳамон шаҳр,
Кӯҳ ҳамон кӯҳсору наҳр ҳамон наҳр,
Беша ҳамон ҷо Зиндарӯд ҳамон ҷо,
Гунбаду гулдаставу манораи зебо,
Ҳаст ҳамон сон ҳамосаи абадият.

Бар дару деворҳо ҳазор шиор аст,
Шаҳри пас аз инқилоб гарм ба кор аст,
Шаҳри ҳунарманд, шаҳри санъату пайкор,
Шаҳри гирифтори фақру сарвати бисёр.
Хандаи фирӯзаҳову рақси тилоҳо,
Бар дари дукону дар ҳаёҳуи бозор.
Тозатар аз боғҳои субҳи баҳорон,

пешина
аз 263
навбатӣ