ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Жолае субҳдам аз чашм тари абр чакид,
Гашт ҳамхонаи гул, гавҳари беҳамто шуд.
АФТОДАИ ДИЛШОД
Назари меҳр ба соҳибзари мағрур макун,
Эътино то битавонӣ ба зару зӯр макун.
Даст бар сина манеҳ пеши тавонгар, дарвеш,
Хешро баҳри ду нон бандаву муздур макун.
Нисбати аҷз ба афтодаи дилшод мадеҳ,
Назари суст ба озодаи ранҷур макун.
Партави Моҳ чароғи шаби кошонаи мост,
Шиква, эй дӯст, аз ин кулбаи камнур макун.
Неъмате нест писандидатар аз иззати нафс,
Зи худ ин гавҳари оростаро дур макун.
Дар ҳавохоҳии маъшуқу маю мутрибу гул,
Ин қадар рӯй ба Хайёму Эпикур макун.
Лаззати ҷисм нагардад сабаби шодии рӯҳ,
Хотири хеш бад-ин восита масрур макун.
Ин қадар дар пайи амри дили девона марав,
Ин қадар бандагии дидаи маҳҷур макун.
Ҳосили хоҳиши дил ғайри табаҳкорӣ нест,
Хешро, Жола, дар ин доира маҳсур макун.
АХТАРИ ДУРАХШАНДА
Чист ин ахтари дурахшанда,
Ки аз он дур мезанад лабханд?
Чист ин гавҳари фурӯзанда,
Ки дурахшад дар осмони баланд?
Чист ин гӯйи дилфиреби булӯр,
Ки ба атроф мефиристад нур?
Дар дили шаб магар арӯси сипеҳр,
Зада бар зулф риштаи гавҳар?
По фишондаст ашке аз сари меҳр,
Ки чунин гашта дидагонаш тар?
Ба гулӯ карда банд марворид,
Зада бар ҷома ғунчаҳои сапед.
Ин магар қалби ошиқи зор аст,
Ки шабонгоҳ мешавад ларзон?
Ё фурӯзанда чеҳраи ёр аст,
Ин қадар дилфиребу нурафшон?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё