Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бибин, ки шаҳри Сипоҳон чӣ гуна будаву чун шуд,
Дареғ, агар ки азизе зи ҷаври чарх забун шуд.

Чиҳилсутун чу бибинӣ туро фасурда шавад дил,
Вале ба марги азизон фиғону нола чӣ ҳосил?
Ҳамин қадар, ки бибинӣ зи кин аносири ғофил,
Бар он нуқуши дилоро кашидаанд гаҷу гил.

Зи хашму кина барорӣ фиғон зи синаи сӯзон,
Ҳазор лаънату нафрин кунӣ ба душмани Эрон.

Чу чашми дил бигушоӣ бар он масоҷиди зебо,
Зи хеш бехуд гардӣ, шавӣ маҳви тамошо,
Зи сақфҳои муҷаллал, зи нақшҳои дилоро,
Гумон барӣ, ки бибинӣ сипеҳру гунбади мино.

Дар он макони муқаддас ҳамора рӯҳи ниёгон,
Ба нағмаи абадият кунанд саҷдаи Яздон.

Фитодаем, дареғо, ба доми ғафлату сустӣ,
Шудем дур зи Яздон зи фарти нафспарастӣ,
На бохабар зи ҳақиқат, на огаҳем зи ҳастӣ,
Вале замона, ки дорад басе баландию пастӣ.

Кунад ба зудӣ моро зи ҷаҳли хеш пушаймон,
Чу об бигзарад аз сар, чӣ суд нолаву афғон?

Агарчи чарх бигардад зи дарду ғам ба сари ман,
Агар ба хун кашонад замона болу пари ман,
Агар ки меҳнати даврон фузун кунад шарари ман,
Ҳамора сӯйи ту ҳайрон бувад ду чашми сари ман.

Ту, Зиндарӯд, азизӣ, ту роҳати дилу ҷонӣ,
Ба мақсади абадият чу ашки Жола равонӣ.

БОДИ БАҲОР

Навбаҳор омаду аз сабза замин зебо шуд,
Бӯстон бори дигар дилкашу рӯҳафзо шуд.

Сабза рӯйиду чаман сабз шуду ғунча шукуфт,
Боғ як порча оташкада аз гулҳо шуд.

Бӯйи гул оварад аз тарфи чаман боди баҳор,
Мавсими гардиши дашту даману саҳро шуд.

Эй аҷаб, гар дили бигрифтаи ман во нашавад,
Андар ин фасл, ки аз боди сабо гул во шуд.

Вақти он аст, ки хотир шавад озод зи ғам,
Бояд аз шодии гул шод шуду шайдо шуд.

Мурғи дил дар қафаси сина нагирад ором,
То ғазалхон ба чаман булбули хушово шуд.

пешина
аз 263
навбатӣ