Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чу мераванд ба дидори ҳам ба меҳмонӣ,
Зи мавҷҳои баҷо монда бишнаванд онҳо,
Зи қарни пуршарари мо паёми озодӣ.

ЧАРО ТАСЛИМИ ТАҚДИРӢ?

Чаро чун барги поизӣ,
Забон дар ком хушкида?
Чаро сарчашмаи илҳом хушкида?
Зи як дарёнаварди пир пурсиданд:
Падарро ёд дорӣ, дар куҷо мурда?

Дар дарё,
Ва дар пайкорҳо,
Мурданд дар дарё ниёконам.
Шигифто!
Ту ҳам ҷӯёи маргӣ дар дили дарё?
Ба онҳо гуфт он шайдои тӯфонҳо:
Падарҳотон куҷо мурданд?
Дар бистар.
Падарҳои падарҳотон куҷо мурданд?
Дар бистар.
Дареғо ин чӣ бадбахтист,
Шумо ҳам марг меҷӯед дар бистар?

Кунун ин ман,
Ману ин бистари хомӯш
Ва он дарёи тӯфонзои паҳновар.
Дилам хоҳад туро, эй сарнавишт,
Эй далқаки худсар,
Чу як ташти булӯрин бар замин кӯбам,
Ки ҳамчун мавҷҳои хӯрда бар сахра,
Ғуборе нилгун гардӣ
Ва дар жарфои дарёи хурӯшон сарнагун гирдӣ.
Ки ҷони ташнаам дигар напурсад рӯзу шаб аз ман:
Чаро чун барги поизӣ
Забон дар ком хушкида?
Шароби орзу дар ҷом хушкида?
Чаро таслими тақдирӣ?
Чаро оғоз хушкида ?
Чаро анҷом хушкида?

ДОҒГОҲ

Ғули шаб, рӯйи сияҳ шуста ба қир,
Хуфта дар нойи саҳар бонги хурӯс,
Яккатози шаби тор,
Карда бар маснади Заҳҳок ҷулӯс,
Он ки бигрехта аз шаб- матрук,
В-он ки мондаст дар он шаб маҳбус.
Газма озоду ҳунарманд асир,
Насли саргаштаву торихи абӯс.

пешина
аз 263
навбатӣ