ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Чу механдӣ ту
Механдад гули хуршед,
Чу механдӣ ту
Саҳро мешавад пурлолаву наргис
Ва механдад қанории тилоиранг.
Чу механдӣ ту
Мерақсад дару девор,
Чу механдӣ ғамам ором мехобад,
Умедам мешавад бедор.
Агар бинӣ гаҳе оҳиста мегирям, машав дилтанг,
Ки модар сарнавишташ гиряи ғамҳову шодиҳост.
Чу фарзандаш шавад бемор,
Чу фарзандаш бибинад аз касе озор,
Чу фарзандаш ситамкорӣ кунад бар хешу бегона,
Чу фарзандаш шабонгаҳ дер кӯбад бар дари хона,
Чу фарзандаш ба як шохи гули дигар ниҳад хона,
Бигиряд модар аз ғамҳо ва шодиҳо.
Дили модар бувад дарё,
Чу механдӣ ту
Дарё мешавад пурмавҷу марворид,
Чу механдӣ ту
Механдад гули хуршед.
ГОҲЕ ВА ҲАМЕША
Гаҳе ҳис мекунам рангинкамони рӯйи дарёям,
Ки ҳар чӣ ранги зебо ҳаст, дар ман ҳаст,
Дар ҳоле, ки берангам.
Гаҳе чун лолаи сероби саҳроям,
Гаҳе хорам,
Гаҳе сангам,
Ба хилватгоҳи шабҳоям.
Гаҳе бо ман ҳазорон марду зан мастона мерақсанд,
Гаҳе танҳои танҳоям.
Агар шамъе кунам равшан ба базми дигарон шодам
Вагар дудам ба чашмоне равад дилтанги дилтангам.
Гаҳе дар номуродиҳо шикебоям,
Гаҳе бо сарнавишти хеш дар ҷангам,
Гаҳе бо асрҳои дури бигзашта ҳамовардам,
Гаҳе бо қарнҳои дури оянда ҳамоҳангам.
Гаҳе механдам аз бозии ин далқак,
Ки Афлотун даруни сояҳо дидаш,
Ва ҳар кас дида бар ӯ боз кард,
Аз ҷон писандидаш.
Гаҳе сармастам аз шодии ин зебоии ҷовид,
Ки бахшад бар замин Хуршед.
Ҳамеша мунтазир ҳастам:
Ба сарманзил расад шабгарди овора.
Ҳамеша мунтазир ҳастам:
Ки занҷире шавад пора
Ва дар як сарзамини тозае дунё,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё