Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Вуҷуди мардуму ториху разму умед аст
Ва ман Ватанро бо ин чаҳор дорам дӯст.

Ватан ду чашму ду фарзанди ман нисорат бод,
Шукӯҳмандию шодӣ ҳамеша ёрат бод!

ПИРАЗАН БО АКСАШ

Ҷангали сурхи тамашк аз кӯҳсорон рафта боло,
Обшори нуқрагин аз қуллаҳо ғалтида пойин.
Атри як эҳсоси ваҳшӣ карда рӯҳамро мусаххар,
Саф кашида пеши чашмам хотироти талху ширин,
Чун гиёҳи навбаҳорӣ, к-ӯ заминро мешикофад,
Як ғами ноошно дар синаам омос карда.

Лаҳзае ҷовид бо ман оштӣ кун,
Духтар зебо,
Ошноии ману ту,
Саргузашти барги зард асту шукуфа.
Эй биҳишти гумшуда,
Акси манӣ, инак ба дастам.

Ҷангали сурхи тамашк аз кӯҳсорон рафта боло,
Ин ту ҳастӣ.
Обшори нуқрагин аз қуллаҳо ғалтида пойин,
Ин ман астам.
Ваҳ, чӣ кӯтаҳ буду ғамгин қиссаи мо,
Лаҳзае ҷовид бо ман оштӣ кун,
Бо табиат оштӣ кун,
Оштӣ кун,
Духтари зебо!

ФАРОМӮШ КАРДААМ

Пироҳани кабуди пур аз атри хешро,
Бардоштам, ки боз бипӯшам шаби баҳор.
Дидам ситораҳои нигоҳат ҳанӯз ҳам,
Дар осмони обии он монда ёдгор.

Омад ба ёди ман, ки зи ғавғои зиндагӣ,
Ҳатто туро чу ханда фаромӯш кардаам.
Он шуълаҳои саркаши сӯзони ишқро,
Дар синаи гудохта хомӯш кардаам.

ҶОР

Пештози далери яккасавор,
Мезанад ҷору мекунад такрор
Номи озодии муқаддасро.
То ки озодагон барафрӯзанд,
Рӯйи хокистари набарди куҳан
Машъали размҳои наврасро.

ЧУ МЕХАНДӢ

пешина
аз 263
навбатӣ