Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Албатта, дар кадом ҳолат ин пайвастагӣ қарор дорад мо намедонем, вале Сорбони Ҳомид аз ин павастагӣ умеди калон дорад. Охир ў гуфт, ки Муллоев аз шунидани овози он зан ҳатто тарсид. Не, то омадани милиса прокурорро огоҳ кардан шарт нест. Ҳарду якҷоя ба назди прокурор рафта будем ва боз ҳарду якҷоя ўро аз рафти воқеаҳо огоҳ месозем.
Сорбони Ҳомид баъди ним соат ба прокуратура омад ва сабаби дер омаданашро ҳам иброз намуд. Ин дермонӣ ба муфаттиш маъқул нашуд, вале ба Сорбони Ҳомид, ки суханаш бо амал як аст бовар кард.
– Ана, ин ба Шумо, – гўён муфаттиш матни гуфтугўи Мул– лоевро ба дасти милиса дод.
Сорбони Ҳомид баъди хондани матни гуфтугў пурсид, ки он сабти овози Муллоев ва маҳбубаш ҳаст?
– Албатта, вале ба фикрам гўш кардани он ягон тағироти иловагиеро ба вуҷуд намеорад.
– Шефатро хабар кардӣ?
– Не, гуфтам ки якҷоя равем.
– Мо маҷлис дорем, беҳтараш шумо танҳо ин хабари некро ба гўши Соиб Сулаймонович расонед.
– Шумо чӣ?
– Ман бояд ба маҷлиси идоравӣ равам, – гўён ў бо муфаттиш хайру хуш кард …

Бадгўйи ту он бошад, к– аз ёр кунад маънат,
Гар ёр накў бошад, машнав сухани бадгўй.

Ҳамаи андешаҳои манфии хешро нисбат ба Расул баъди занги телефонӣ аз дил баровард Нигор ва ба хулосае омад, ки Муллоев дар ҳама кор сабру таҳамулро пеша мекунад. Бубин, ҳатто ҳангоми телефонкунӣ ҳам ў кўшиш намудаст, ки ҳамкоронаш аз чизе пайхас нашаванд. Баъзеҳо дар чунин маврид овози занро шунида ифтихор мекунанд, вале ў …
Албатта, Хумор имрўз биёяд ҳамаш маълум мешавад.
Рафту Хумор надонад чӣ?– суоле дод ба худ. Агар шавҳараш дар бораи ба кӣ додани калид гап зада бошад, албатта медонад.

пешина
аз 408
навбатӣ