АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Шумо ташвиш накашед, дар куҷо будатнатонро мо худамон исбот мекунем.
– Чӣ хел исбот мекунед?
– Ҳамин хел,– бепарвоёна даст афшонда гуфт милисионер.
Муллоев мехост боз чизе гўяд, вале телефон занг заду боз гўшакро бардошт.
– Ин ман садо дод овози занонае ва Сорбони Ҳомид онро баръаъло шунид.
– Гуфтам – ку хатто занг задед, дигар ба он зан имконияти сухан гуфтан надода, боз гўшакро ба ҷояш гузошт Муллоев.
– Тавба ба одамони ин замона фаҳмонӣ ҳам, вале фаҳмидан намехоҳанд. Як бор фаҳмондам боз занг зад, – гўён Муллоев гўшаки телефонро бардошта ба як тараф гузошт.
– Дар мо ҳам ҳамин хел баъзан занг мезананду вале об ба даҳон гирифтагӣ барин хомўш меистанд. Ин ҷо баръакс шумо ба он кас ҳатто имконияти гап задан надодед, ба фикрам кори хуб накардед?
– Ман вақте надорам, ки сафсатаи ҳар касро гўш кунам.
– Барои занҳое, ки телефон мекунанд, ақалан як – ду дақиқа вақт ҷудо намоед муаллим.
– Мо одами кўдакдор додар, зўрамон ба тарбияи ҳамонҳояш намерасад ва умуман дар ин шароити душвор, ки дар киссаамон як пули пўчак нест кӣ ба мо нигоҳ мекунад?
– Кошкӣ ҳама мардҳо мисли шумо оиларо муқаддас медонистанд, – гуфт Сорбони Ҳомид ва аз ҷой бархест.
– Эй додар, шинед, ақалан як пиёла чой мемондем, кори хуб нашуд. Як бор ба ҷойи кори мо омадеду ҳатто иззататонро ҳам ба ҷо наовардем гуфта, аз қафои меҳмон бархест Муллоев ва ўро то пеши бино гусел кард…
Сорбони Ҳомид қадамзанон андеша мекард: «Намедонам кинояамро фаҳмид ё не? Аз он ки ман хестам ў хело хурсанд шуд. Ба фикрам ў ҳеҷ гумон надошт, ки он зан дубора телефон мекунад. Агар он зан андаке ҳам шаъни хешро пос дорад, дигар ба ў телефон намекунад… Агар телефон кунад чӣ? – суоле дод ба худ. Дар он сурат мо ягон чиз ҳам намефаҳмем. Беҳтараш ба назди Сулаймонов рафтан лозим. Наход барои ба зери назорат гирифтани телефони Муллоев розӣ нашаванд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё